ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ОШТӢ ШУДАНД? ЭРОН ДАР НИШАСТИ ДУШАНБЕ МЕТАВОНАД УЗВИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ ШАВАД

Аз 15 то 18 сентябр дар Душанбе роҳбарони беш аз 10 кишвари минтақа ҷамъ мешаванд. Онҳо дар нишасти ҷашнии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки имсол ба таъсисаш 20 сол пур мешавад, нишасти навбатии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ( ОДКБ) ва нахустин иҷлоси муштараки ин ҳарду созмон, ки дар чунин шакл бори аввал доир гардида, ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, иштирок мекунанд. Нишасти ОДКБ  дар Душанбе 16 сентябр ва нишасти ҷашнии Шанхай ва нишасти муштараки ШОС ва ОДКБ – 17 сентябр доир мешаванд.

Намояндагони худи Афғонистонро ба нишастҳои Душанбе даъват накардаанд, чунки ҳукумати қаблӣ кишварро ба Толибон супурда, фирор кард, вале ҳукумате, ки Толибон ташкил ва эълон кард, то кунун дар сатҳи байналмилалӣ эътироф нашудааст.

Маълум шудааст, ки сарвазири Ҳинд Нарендра Моди, раҳбари Чин Си Ҷинпинг, президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Душанбе намеоянд ва дар нишастҳо ба шакли онлайн иштирок хоҳанд кард. Аммо роҳбарони дигар, қарор аст, ба Тоҷикистон биоянд ва бархеи онҳо, аз ҷумла президентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин  ва Иброҳим Раисӣ дар ҳошияи нишастҳои минтақавӣ сафарҳои расмиашон ба Тоҷикистонро ҳам анҷом хоҳанд дод.

Албатта, дар баробари баррасии вазъи Афғонистон, як нишасти асосӣ дар Душанбе нишасти ҷашнии бахшида ба 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай хоҳад шуд.Ин созмони минтақавиест, ки зери назари Пекин ва Маскав амал мекунад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар нишасти ҷашнӣ эъломияи Душанбе бахшида ба 20-солагии Созмони Шанхай ва ҳудуди 30 қарори дигар бояд тасвиб шавад. Аз ҷумла, қарор аст, мавзӯи ба Миср, Қатар ва Арабистонуи Саудӣ  додани мақоми кишвари шарик баррасӣ шавад.

Вале масъалаи асосӣ, бидуни шак, тавре вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, метавонад қабули қарор дар мавриди оғози раванди ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани Ҷумҳурии исломии Эрон шавад.

Таври маълум, масъалаи узвияти Эрон чанд сол боз дар дастури кор қарор дошт, вале мухолифати Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои асосгузори ин созмони минтақавӣ то кунун боис шуда буд, ки масъалаи қабули Эрон ба ақиб биуфтад.

Гуфта мешуд, ки Душанбе Эронро ба пуштибонӣ ва маблағгузории оппозитсияи исломии тоҷик айбдор мекунад. Манзур ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ШНИТ) аст, ки онро дар пешбурди манфиатҳои Эрон ва ҳатто таблиғи мазҳаби шиъа – мазҳаби расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистони беш аз 90% аҳолиаш суннимазҳаб айбдор мекарданд.

Эрон иқрор мекард, ки “мухолифати бархе кишварҳо” боиси напазируфтанаш ба узвияти Созмони Шанхай шудааст, вале ҳеҷ гоҳ мушаххасан аз Тоҷикистон ном намебурд.

Тобистони соли ҷорӣ аз манобеи ғайрирасмӣ маълумоте берун омад, ки мегуфт, Душанбе дар масъалаи пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони Шанхай ба гузашт розӣ шудааст ва дар иваз ҷониби Эрон талош хоҳад кард, то мақомоти кунунии Тоҷикистонро бо ҲНИТ оштӣ бидиҳад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин талошҳо ба ҷое расиданд ё на, вале тавре ба назар мерасад, бад шудани авзоъ дар Афғонистон Тоҷикистону Эронро дигарбора маҷбуркардааст, ки роҳи оштӣ биҷӯянд. Ёдовар мешавем, дар нимаи дуюми солҳои 90, вақте дар Афғонистон қудрат ба дасти Толибон расид, Русия ва Эрон ду ҳомии асосии Эътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангид, шуданд. Азбаски кумакҳо ба Эътилофи шимол асосан аз тариқи Тоҷикистон расонда мешуд, Русия он вақт ба Душанбе фишор овард, то бо Эрон ва ҳамин тавр, бо ҲНИТ, ки нирӯҳои ҷангиаш дар он солҳо дар шимоли Афғонистон мустақар шуда буданд, оштӣ кунад, то ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар роҳи интиқоли кумакҳо ба Эътилофи шимол монеа эҷод накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button