ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР ВОСЕЪ, КОРДЗАНӢ ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДӢ ДАР НОРАК

Марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 10 сентябр, тахминан соати 18:00, як сокини 29-солаи ҳамин ҷамоатро то мурдан кӯфтааст.

ххххххххх

Ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 9 сентябр,  тахминан соати 13:00,  дар кӯчаи Нахимови пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 33-солаи сокини ноҳияи Сино ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст.

ххххххххххх

Ҷавони 25-солаи пеш барои қаллобӣ судшудаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки шаби 11 сентябр, соати 21:30 , дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо зӯрӣ аз дасти сокини 24-солаи ноҳияи И.Сомонӣ телефони мобилашро кашида гирифтааст.

ххххххххххх

Сокини 25-солаи  Норак ба он гумонбар мешавад, ки аз 5 то 8 сентябр  аз хонаи сокини 40-солаи ин шаҳр қисмҳои эҳтиётии автомашина ва дигар асбобҳои оҳаниро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани марди 29-сола дар заминаи муноқиша

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, дар ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 29-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони кордзанӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар кӯчаи Нахимови пойтахт қарор доштанаш, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошти ҷавони 25-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар хиёбони Рӯдакӣ шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хуавей”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 5-ум то 8-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо як миқдор қисмҳои эҳтиётии автомашина ва дигар асбобҳои оҳаниро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button