ВидеоҲодиса

МАРГИ ДУ НАФАР ДАР ДУ САДАМА ДАР ҲИСОР ВА ХУРОСОН

Рӯзи 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело», Раҳимов Иброҳим Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Сурхакчашмаи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи (бордюр)-и канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Раҳимова Раҷабгул Самиевна, соли таваллудаш 1964, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин рӯзи 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дэу-Лабо», Абдуҷалилов Беҳрӯз Абдуҳакимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди дар ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Тураев Зокир Ботирович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тураев З.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Собиров Валиҷон Бегиҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button