АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДУ ГУЗОРИШИ ВИДЕОӢ АЗ ПАНҶШЕР: ТОЛИБОН АКСҲОИ МАСЪУДУ РАББОНИРО КАНДААНД (2 ВИДЕО)

Ду хабарнигори афғон дар пайи тасарруфи дараи Панҷшер аз сӯи Толибон тавонистаанд ба ин дара роҳ биёбанд ва дар бораи вазъи Панҷшер ду гузориши муфассали видеоии ҳар кадомаш беш аз 20 дақиқа таҳия кунанд.

Дар гузориши аввал хабарнигор дар дарвозаи Панҷшер истода, гузориш медиҳад, ки бар хилофи интизороти вай, равуо бо ин дара озодона сурат мегирад ва мошинҳо дар рафтуомаданд. Аммо хуб ба назар мерасад, ки ҷангиёни Толибон аксҳои чеҳраҳои саршиноси тоҷикони Афғонистон, аз ҷумла портретҳои Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳонуддин Раббонӣ ва доктор Абдуллоҳро аз дарвозаи Панҷшер канда, партофтаанд.

Дар гузориши шабакаи “Ошиқони Кобул” роҳбарони Толибон аз он суҳбат мекунанд, ки баъди тасарруфи Панҷшеру Каписо вазъ дар ин манотиқ ором шуд, тасфия ба охир расида ва муқовимате дигар дида намешавад. Аммо сокинон бештар аз қиматӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, “қотилони асосӣ онҳоеянд, ки нархҳоро ин қадар боло бурдаанд.”

Албатта, ҳарду хабарнигор гузоришҳояшонро бо эҳтиёти комил аз Толибон, ки озодии матбуотро чандон хуш надоранд ва алакай чанд хабарнигорро латтукӯб ҳам карданд, таҳия кардаанд. Вале ба ҳар сурат, ин нахустин тасвирҳо аз Панҷшер дар пайи тасарруфаш аз сӯи Толибон аст ва маълумоти муҳиме дар бораи вазъи ин минтақа мерасонад.

Вилояти Панҷшер, танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, ки ба Толибон таслим нашуд, рӯзи 5 сентябр аз сӯи ҷангиёни ин гуруҳи тундрав тасарруф шуд.  Ҳоло нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд дар дараҳои кӯҳистонии ин минтақа сангар гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button