ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА БАРОИ УЗВИЯТ ДАР ДОИШ (2 АКС)

Хадамоти амнияти Украина (СБУ)  дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Одесса бо иттиҳоми узвият дар созмони байналмилалии террористӣ дастгир кардаанд. Номи боздоштшуда нашр нашудааст.

 “Ин зодаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Интерпол барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маблағгузории фаъолиятҳои террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Бино ба маълумоти СБУ, ӯ солҳои 2014-2016 дар қаламрави Туркия қарор дошт ва дар ҳамонҳо аз ҷониби аъзои созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” ба саффи он ҷалб карда шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи СБУ.

Бино баа маълумоти мақомоти амниятии Украина, ин ҷавон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон фирор карда, ба ин мақсад ба Украина омадааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар Украина бо нақзи қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар ба сар мебурд.

Додгоҳ ин зодаи Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтааст ва ҳоло масъалаи истирдорди ӯ ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти ӯро СБУ якҷо бо дафтари миллии Интерполи Украина анҷом додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button