ИқтисодМуҳоҷирон

БА МАСКАВ ДАР ҲОЛИ ҲОЗИР 200 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ КОРӢ НАМЕРАСАД

Ноиби шаҳрдори Маскав Владимир Ефимов изҳор дошт, ки пойтахти Русия ҳамчунон ба камбуди коргарони сохтмон аз ҳисоби муҳоҷирон рӯбарӯ буда, ба Маскав нерӯи кори ҳудудан 200 ҳазор коргари хориҷӣ намерасад. “Мо умедворем, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳо дар роҳи вуруди муҳоҷирон ба Русия сабук карда мешаванд “, – гуфт Ефимов. Ноиби шаҳрдори Маскав гуфт, камбуди нирӯи корӣ боиси он шудааст, ки корфармоён, пеш аз ҳама, ширкатҳои сохтмонӣ, маҷбур мешаванд, ки муҳоҷирони мардикорро аз якдигар бихаранд ва ба ин далел арзиши онҳо боло рафтааст.

Дар аввали моҳи август шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ изҳор дошт, ки аз Русия ба кишварҳояшон баргаштани  муҳоҷирони корӣ яке аз сабабҳои афзоиши таваррум (инфлятсия) шудааст. Собянин гуфт, вақте соли гузашта сохтмонҳоро барои ду моҳ ба сабаби коронавирус бастанд, бисёре аз ширкатҳо коргарони худро, аз ҷумла муҳоҷиронро аз кор ҷавоб доданд ва бисёре аз ин муҳоҷирон  аз Русия рафтанд.

Ин мунҷар ба афзоиши нархи нирӯи кор шуд ва нархи тамоми маҳсулоти дигар низ ба дунболи ин боло рафт. Чунки вақте маош бе афзоиши маҳсули кор ва бе афзоиши ҳаҷми маҳсулоти тавлидшуда боло меравад, ҳар як иқтисоддон медонад, ки оқибати ин чӣ мешавад? Аз ин рӯ мо шоҳиди чунин шиддат гирифтани таваррум шудем “, – шарҳ дода буд Собянин.

Дар аввали моҳи сентябр вазорати сохтмони Русия гуфт, қасд дорад, ки аз Ӯзбекистон муҳоҷиронро бо қаторҳои роҳи оҳани чартерӣ ба Русия биорад. Қарор аст, ин барнома ба шакли озмоишӣ то охири соли ҷорӣ таҳия шавад. Муовини вазири сохтмони Русия Никита Стасишин гуфт: “Мо нақша дорем, ки ба таври пилотӣ ё озмоишӣ интихоб, ваксинзанӣ ва тамоми масоили марбут ба муҳоҷирони кориро дар худи Ӯзбекистон ташкил кунем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки муҳоҷирони кориро бо қаторҳои роҳи оҳан ба таври транзит тавассути қаламрави Қазоқистон ба таври муташаккилона биорем.”

Вазорати кишоварзии Русия низ дар фикри бо қаторҳои роҳи оҳан овардани муҳоҷирон буда, тобистони соли ҷорӣ ин масъаларо бо ширкати роҳи оҳани Русия баррасӣ карда буд.

Аз моҳи март муҳоҷирон ба Русия метавонанд фақат тавассути ҳавопаймо биоянд. Вале ин харҷи корфармоёнро зиёд мекунад. Бисёре аз корхонаҳои Русия аз овардани муҳоҷирон бо ҳавопаймо худдорӣ мекунанд, чунки овардани ҳар муҳоҷир то 80 ҳазор рубл тамом мешавад.

 Ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби вазорати кишоварзии Русия, овардани ҳар муҳоҷир бо қатори роҳи оҳан метавонад ҳамагӣ 12 ҳазор рубл тамом шавад, ки бамаротиб арзонтар ва барои корфармоён қобили қабул аст.

Аз моҳи май Русия ба вуруди муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон иҷозат дод, вале ин сӯди зиёде ба корхонаҳо дода натавонист, чунки муҳоҷирон маҷбуранд бо нархҳои гарон чипта харида, бо ҳавопаймо худро то ба Русия бирасонанд.

Тарҷума аз: Радио Свобода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button