СОКИНИ ИСКОДАР АЗ РАШК ЯК МАРДРО 11 КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки шаби 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои гуноогуни бадани ӯ задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Як сокини ҷамоати Дар-Дар ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ҳодиса дар деҳаи Искодар сурат гирифтааст. “Як сокини деҳаи соати дуи шаб ҳамсарашро вақти мулоқот бо як марди бегона дошта, он марди ҷаҳдманди занашро корборон кардааст”, – нақл кард ӯ.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафишот идома дорад.
Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.