ГЕНЕРАЛ АТО ИСМИ 11 ҶАНГИИ ТОҶИКИСТОНӢ ДАР САФФИ ТОЛИБОНРО НАШР КАРД (2 АКС)
Генерал Атомуҳаммади Нур, волии собиқи вилояти Балх ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, умдатарин ташаккули сиёсии тоҷикҳои он кишвари ҷангзада, рӯзи 11 сентябр дар саҳифааш дар Фейсбук рӯйхатти 39 ҷангии хориҷиеро нашр кард, ки ба қавли ӯ, аз ҳампаймонҳои ҳаракати Толибон буда, дар саффи ин гуруҳи тундрав ба мақомҳои фармондеҳӣ расидаанд ва дар қатлу террор ва ҳамлаҳои маргталабона дар канори Толибон қарор доштанд.
Дар ин рӯйхат як нафар аз Қазоқистон, 6 нафар аз Чин, 11 нафар аз Тоҷикистон дохил шуда, 21 нафари боқимонда зодагони Ӯзбекистон мебошанд.
Аз Тоҷикистон ин 11 нафар ба рӯйхат шомил шудаанд:
Номи мустаор | Шабакаи марбута | Соҳаи фаъолият | Мавқеъ |
Салмон | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак, қарияи Мағзори Хул | муовини Ҳоҷӣ Фурқон |
Муътасим, машҳур ба Мавлавӣ Иброҳим | Ал-Қоида | Даҳани Шола, Роғистон | Саргуруҳ, 2 гуруҳ дорад |
Амр | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак | Саргуруҳи 17-нафарӣ |
Абӯ Музайфа | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак | Саргуруҳи 13-нафарӣ |
Абдулсалом | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак | Саргуруҳ |
Қосим-ака | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак | Саргуруҳ |
Ланги Фатҳуллоҳ | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Дараи Хустак | Масъули минасозӣ |
Абӯбакр | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Роғистон | Иршод ва даъват |
Бахтиёр-ака | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Роғистон | Масъули техникӣ |
Самир | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Роғистон | Саргуруҳ |
Форуқ | Ансоруллоҳи Тоҷикистон | Роғистон | Саргуруҳ |
Генерал Атомуҳаммади Нур менависад: “Бо вуҷуди дархости мукаррари кишварҳои марбутаашон аз таслим додани эшон ба далели инки меҳмонон ва бародарони онон мебошанд, ибо меварзиданд. Аммо Толибон ҳоло бо ин чолиш рӯбарӯ ҳастанд, ки ба бовари Исломи бидуни марз ва посдорӣ аз меҳмонон ва бародарони ҳамфикрашон амал мекунанд ё ба тааҳҳуд ба вафое, ки ба кишварҳо ва роҳбарони ҷадидашон додаанд?”
Қарори маълум, 20 сол пеш, як сабаби вуруди нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба Афғонистон ҳамин шуд, ки Толибон ба ҳамин далели “ҳусни мизбонӣ” аз супурдани Усома Бин Лоден, раҳбари шабакаи Ал-Қоида ва муттаҳами асосӣ дар ташкили ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2011 ба шаҳрҳои Ню-Йорку Вашингтон даст кашиданд.
Атомуҳаммади Нур, ки раҳбарии басиҷи мардумӣ дар Мазори Шарифро ба дӯш гирифта буд, ин бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистонро тақрибан бидуни ҷанг ба Толибон супурд ва ҳамроҳи маршал Абдурашиди Дӯстум ба Ӯзбекистон фирор кард. Ӯ ҳоло дар Дубай қарор дорад.