БОЗДОШТИ НУРИ ФАҚИР ВА МАҲМАДИ ХИРС- ДУ ФАРМОНДЕҲИ СОБИҚИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ
Нури Фақир ва Маҳмади Хирс, ду ҷангии собиқи Фронти халқӣ дар водии Вахш ва муҳофизони собиқи Файзалӣ Саидов, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, моҳи август бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, фармондеҳи собиқ ва ҳоло зиндонии Фронти халқӣ, дастгир шудаанд.
Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҳардуро кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон дастгир кардаанд ва ҳоло Нури Фақир дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштааст.
Маълум нест, ки оё вазъи рӯҳии ӯ дар ҷараёни бозпурсиҳо бад шудааст ваё ӯро барои ташхиси ҳолати равонӣ ба инҷо фиристодаанд ваё хобондан дар “психушка” василаест барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ.
Манбаи “Бомдод” мегӯяд, мақомот бо кадом роҳҳое (маълум нест, зимни бозпурсиҳо ваё аз тариқи ба паҳлуи ӯ дар зиндон шинондани одамони худашон) маълумот ба даст овардаанд, ки гӯё вақтҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон дар ҳоли фирор қарор доштани Хӯҷа-Командир, Нури Фақир ва Маҳмади Хирс тез-тез ба аёдати ӯ ба хориҷа рафта, дар бораи вазъи парвандааш ба ӯ маълумот мебурдаанд.
Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи расмӣ ҳанӯз муяссар нашудааст.
Маҳмади Хирс, сокини қитъаи сеюми ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш, додарарӯси генерал Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон аст.
Нури Фақир (Нуралӣ Фақиров) баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 ба мақоми комиссари ҳарбии вилояти Хатлон таъйин шуд ва дар ин мақом то соли 2017, беш аз 20 сол кор кард. Баъди тарки ин мансаб Нури Фақир ба ҳайси мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекард.
Таваққуфгоҳи асосии таксиҳои водии Вахш дар шаҳри Бохтарро ба Нури Фақир марбут медонанд. Ӯ ба далели собиқаи ҷангаш дар саффи Фронти халқӣ як нафари пурнуфуз дар Бохтар ба шумор мерафт ва ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, то ҳол ягон нозири андоз ё дигар ниҳодҳои назоратӣ, ҷуръат намекунад, ки барои тафтиш ба таваққуфгоҳи таксиҳои Нури Фақир бидарояд.
ХӮҶА КАРИМОВ КИСТ?
Хӯҷа Каримовро, ки дар аввали солҳои 2000 тарки Тоҷикистон кард, баъди тақрибан 20 соли фирораш рӯзи 30 июли соли 2019 дар шаҳри Дубай дастгир карда, моҳи феврали соли 2020 аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе оварданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар аввали соли 2021 Хӯҷа Каримовро ба 14 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Тафсилоти ҳукми фармондеҳи дар гузашта пурнуфуз дар минтақаи Ғозималики водии Вахш то ҳол нашрнашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки Хӯҷа Каримов ба даст доштан дар ҷиноятҳои сангине, чун куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омада, оиладор, соҳиби 7 духтар аст.
Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва бо маслиҳати дӯсташ Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон,ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.
Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.
Ӯ ҳамчунин дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.
Моҳи марти соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар ҷаласаи парлумон бо иттиҳоми даст доштани дар чандин куштор, аз ҷумла қатли вакилони парлумон Саидшо Шоев (собиқ мудири корхонаи пахтаи Ғозималик), ки соли 1993 бо бародараш аз назди бинои Шӯрои Олӣ рабуда ва сипас кушта шуданд, дастгир карданд. Хӯҷа-Командирро ҳамчунин ба қатли ҳамсангари давраи ҷангаш генерал Тағай Шукуров айбдор мекарданд, вале ӯ баъди чанде аз боздошт озод шуд.
Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавони умедбахшро гирд оварда буд.
Аммо дар аввали солҳои 2000 сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард.
Мегуфтанд, ки ӯ ба Малайзия паноҳ бурдааст. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба ҷои Хӯҷа Каримов президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, боре қисса карда буд, ки зимни як сафараш ба Малайзия барои ширкат дар ҷаласоти Конфедератсияи футболи Осиё, дар меҳмонхонае дар Куала-Лумпур бо Хӯҷа Каримов рӯбарӯ зад, вале Хӯҷа, ба гуфтаи Сӯҳроб Қосимов, аз суҳбат бо вай канора ҷуста, зуд меҳмонхонаро тарк кардааст.
Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулоддааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Аз ҷумла Саидаҳмад ном нафареро ӯ ба пойҳояш тир зада, баромада меравад ва баъди чанд соат вақте бармегардаду мебинад, ки ӯ зинда аст, таҷрибаи духтуриашро ба ёд оварда, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳарду пои ӯро мебурад. Ин мард 29 сол боз аз пои равон маҳрум буда, ҳоло бо гитара дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.