ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 53 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА ТОҶИКҲО, ДАР ЯК РЕЙД ДАР ГАРМХОНАҲОИ КРАСНОЯРСК (ВИДЕО)

Пулиси кишвари Красноярски Русия рӯзи 12 сентябр хабар дод, ки кормандони бахши муҳоҷирати Сарраёти корҳои дохилии кишвари Красноярск бо ҷалби нирӯҳои Росгвардия (ОМОН) ва пулиси минтақаи “Емеляново” дар яке аз гармхонаҳои воқеъ дар деҳаи Ковригинои нозияи Сухобизим бо ҳадафи ошкор кардани ҳолатҳои поймол кардани қонунҳои муҳоҷират рейд гузарондаанд.

 “Баробари дидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қисми коргарони гармхона кӯшиш карданд, ки пинҳон шуда, худро аз ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират халос кунанд. Вале ҳамаи онҳоро кормандони ОМОН ва пулис барои тафтиш боздоштанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи пулиси кишвари Красноярск.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки дар ин гармхона 53 муҳоҷири хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Хитой бо нақхи қоидаҳои муҳоҷират кор мекардаанд.

Ҳамаи онҳоро ба шуъбаи пулиси “Емеляново” бурда, нисбаташон бар асоси қисми якуми моддаи  19.27 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия  бо иттиҳоми додани маълумоти бардурӯғ ё санадҳои қалбакӣ ҳангоми сабти ном дар мақомоти муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, изи ангушту намунаҳо барои ташхиси генетикии ҳамаи онҳоро низ гирифтаанд. Нисбати 4 нафар дар робита ба истифодаи асноди тақаллубӣ тафтиш шурӯъ шудааст.

Пулиси муҳоҷирати Красноярск гуфт, чунин рейдҳои профилактикӣ дар оянда дар гармхонаҳои дигар низ баргузор карда хоҳад шуд.

Моҳи июл дар ҷараёни як рейди дигар дар гармхонаҳои деҳаи Кваршинои ноҳияи Емеляново 55 муҳоҷирро боздошт карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button