АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонЧеҳраҳо

АҲМАДИ МАСЪУД КУҶОСТ? ЯКЕ АЗ НАЗДИКОНАШ МЕГӮЯД, Ӯ БО ПАНҶШЕР ДАР ТАМОС АСТ

Қосим Муҳаммадӣ, як манбаи наздик ба Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба хабаргузории Форс  гуфтааст,  овозаҳо дар бораи Афғонистонро тарк кардани Аҳмади Масъуд ҳақиқат надорад. Аҳмади Масъуд, ба гуфтаи Қосим Муҳаммадӣ, кишварро тарк накардааст, дар дохили Афғонистон.  Ӯ аз гуфтани мушаххасоти макони раҳбари муқовимат худдор карда, танҳо ҳамин қадар гуфтааст, ки “вай бо дараи Панҷшер дар тамос аст.”

Ин шарҳу эзоҳ дар бораи макони будубоши Аҳмади Масъуд дар ҳолест, ки чанд рӯз боз дар зеҳни бисёриҳо ин суол чарх мезанад, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон куҷост?

Бори охир ӯ дар маҳзари ом рӯзи 4 сентябр, дар як мулоқот бо фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат ва бузургони Панҷшер зоҳир шуд ва гуфта буд, ки то 9 сентябр Кобулро аз дасти Толибон пас хоҳад гирифт. Аммо кор ранги баракс гирифт ва ҷангиёни Толибон бахши аъзами дараи Панҷшер, охирин вилояти хориҷ аз назорати ин гуруҳи тундрав, бо шумули ҳамаи нуқтаҳои бузурги аҳолинишини ин вилоят ва ҳатто оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмади Масъудро ишғол кард. Охирин матлабе, ки Аҳмади Масъуд дар Интернет гузошт, паёмаш аз рӯзи 6 сентябр, дар пайи тасарруфи Панҷшер аз сӯи Толибон буд, ки дар ин паём раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ҳамаро ба қиёми мардумӣ ба зидди Толибон даъват кард ва аҳд супурд, ки ба муборизааш ба зидди Толибон идома хоҳад дод. Вале ин паём садоӣ буд ва маълум набуд, ки оё дар куҷо сабт шудааст?

Қариб як ҳафта хомӯшии Аҳмади Масъуд ба оташи овозаҳо дар бораи куҷо будани ӯ равғани бештар рехтааст ва ин гумонҳоро ба вуҷуд овардааст, ки шояд ӯ алакай тарки Афғонистон карда бошад. Аз ҷумла ин фарзия баён мешавад, ки гӯё Аҳмади Масъуд рӯзи якшанбеи гузашта, 5 сентябр ҳамроҳ бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон дар давраи Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло худро президент эълон кардааст, ба Душанбе фирор кардааст.

Генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе ахиран  эътироф кард, ки Амруллоҳ Солеҳ барои чанд рӯз аз Душанбе боздид карда буд, вале, ба гуфтаи сафир, боз ба Афғонистон баргашт.  Аммо ӯ овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардан ва ба Тоҷикистон омадани Аҳмади Масъудро шадидан рад карда буд.

Панҷшер охирин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон буд, ки султаи Толибонро напазируфт. Дар инҷо ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ба зидди Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шуд. Толибон баъди инки Масъуди хурдӣ пешниҳоди курсӣ дар ҳукумати онҳоро напазируфт, музокиротро бо панҷшериҳо бас ва дар поёни моҳи август ба ҳамлаи густардаи мусаллаҳона ба ин вилоят шурӯъ карданд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, ҳарчанд нирӯҳои Толибон бо кумаки ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон ба водии Панҷшер тасаллут ёфтанд, вале дараҳои кӯҳистонии ин минтақа дар дасти нирӯҳои муқовимат боқӣ мондааст.

Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд. Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.

Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button