ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ПИРЯХ ОБ ШУДУ МАҶРОИ ДАРЁИ СУРХОБРО ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ БАСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 9 сентябр аз соати 06:00 дақиқа то соати 06:30 дақиқа, дар мавзеъи Арчакаппа, деҳаи Сугади ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафт ва ба сони як сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа баст.

Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60 метр роҳ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол дар километри 250-ум шуда, ин ҳодиса боис шудааст, ки муддате ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода қатъ шавад.

КҲФ гуфт, бо истифодаи 1 адад автопогрузчик ва 1 адад мошини КАМАЗ соати 20:00 роҳ бо пуррагӣ барқарор карда шуда, ҳаракати ҳама намуди нақлиётҳо таъмин гардид.

КҲФ бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки то 12-уми сентябр дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамоли пуршиддат, ки дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад, ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбоду хокрезиш  дар назар дошта шудааст.

КҲФ дар ин робита аз аҳолӣ хостааст, ки ба гирифторони бемориҳои дилу раг, касалиҳои қанд ва гипертония  бештар таваҷҷуҳ кунанд. КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ, сайёҳон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои техникаи бехатариро ҷиддан риоя намоянд. “Бахусус риояи фосилаи ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст, чун дар ин гуна боду ҳаво резиши санг ва омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад”,  – гуфта мешавад дар ҳушдори КҲФ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button