АфғонистонДин ва боварҳо

МУФТИИ ТОҶИКИСТОН: ТОЛИБОН НОМИ ИСЛОМРО ДОҒДОР МЕКУНАНД

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории расмии «Ховар» Фирӯза Давлатзода  ҳаракати тундрави Толибонро, ки ахиран Афғонистонро қариб пурра тасарруф кард, маҳкум кард ва гуфт, “Толибон аз номи Ислом корҳои касиф намуда, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода  гуфт,  Ислом дини раҳму шафқат ва бародарӣ буда, дар сулҳу рифоҳ ва иттифоқ зистани мардумро ҳамчун арзиши беҳтарин ситоиш мекунад. “Аммо ин гурӯҳ – ҳаракати террористии «Толибон» имрӯз худро давлати исломӣ гуфта, занону кӯдакон ва бародаронро қурбонӣ мекунанд, ки ин гуна хабарҳо ҳар рӯз тавассути ВАО пахш мешаванд. Яъне ин рафтори инҳо маънои онро дорад, ки инҳо аз Ислом, гуфтаҳои исломӣ, мусалмонӣ, раҳму шафқат ва бародарӣ хеле дур мебошанд”, – гуфт муфтии Тоҷикистон.

«Пеш аз он ки ёрони Пайёмбар (с.а.в) ба ҷанг мерафтанд, он кас ба ёронашон таъкид мекарданд, ки «дарахтонро набуред, ба оне, ки силоҳашро ба замин гузошта, таслим шуд, озор нарасонед, занону кӯдаконро накушед ва ҳатто роҳибону диндоронеро, ки ғайримусалмон ҳам бошанд, ба қатл нарасонед. Ин ҳама раҳму шафқати мусалмонӣ ва қоидаҳои исломӣ имрӯз дар симои толибон дида намешаванд»,– афзудаст Абдулқодирзода. Ӯ бо ишора ба собиқаи Толибон, вуҷуди ин гуруҳро дар оянда ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба тамоми давлатҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ номидааст.

«Дини мубини Ислом нагуфтааст, ки зан-модарро дар назди оммаи мардум шаллоқ занед.  Ё он ки занеро, ки соҳиби кӯдакони хурдсол мебошад, толибон барои аз хона баромаданаш иҷозат намедиҳанд.  Пас агар ин зан кор накунад, фарзандонаш аз гуруснагӣ намемиранд? Ин Ислом нест, балки Ислом дини раҳму шафқату меҳрубонӣ аст. Агар инҳо Исломи асосиро нишон медоданд, тамоми олам қабулашон мекард ва давлаташонро ба расмият мешинохтанд. Исломи воқеӣ – ин саодати инсонист. Толибон аз номи Ислом корҳои касиф намуда,  ин дини муқаддасро доғдор карданиянд»,- гуфтааст Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Ӯ меафзояд, «ман дар ҳайратам, ки ин кори толибон аз бесаводӣ бошад ё ҷаҳлу нодонӣ. Наход дар байни ин одамон ягон нафари босаводе набошад, ки онҳоро роҳнамоӣ намояд, ки дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд ё  Ислом  чӣ мегӯяд? Коре, ки имрӯз толибон мекунанд, ин Ислом нест.  Ҳукумате, ки золим аст, поянда нест. Танҳо ҳукумати одил поянда мебошад. Зулм гуноҳи азим аст. Дар дунё ҳеҷ зулм ва ситам ба мардум ба ягон давлат оромӣ намеорад. Баръакс, касратӣ, касофатӣ, нокомӣ, бадбахтӣ ва рӯсиёҳӣ меорад”.

Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки чӣ сокинон ва чӣ мақомоташ аксар мавқеи зидди Толибон  ва пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ба раҳбарии Аҳмади Масъудро доранд ва ин мавқеи худро пинҳон намекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, агар Толибон ҳукумати фарогир ташкил накунанд ва дар он ҳукумат ба тоҷикҳои Афғонистон ва дигар ақалиятҳои қавмии муқими он кишвар ҷойгоҳи шоистаеро қоил нашаванд, Тоҷикистон чунин ҳукуматро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button