ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ҲАЛОКАТИ ЯК ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Юлчиев Умидҷон Холиқович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Дадабоев Боирҷон Тошпулотович, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Нави ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Дадабоев Б.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.