АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ГИРДИҲАМОИИ ТОҶИКОНИ АМРИКО ДАР НАЗДИ ҚАРОРГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ДАР НЮ-ЙОРК БА ҲИМОЯТ АЗ ПАНҶШЕР (ВИДЕО+17 AKC)

Рӯзи 10 сентябр як гуруҳи тоҷикони муқими Амрико дар назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба ҳимоят аз мардуми Панҷшер гирдиҳамоӣ доир карданд.

Тазоҳургарон бо худ чунин шиорҳо доштанд: “Панҷшер ва Аҳмад Масъудро дар муқобили террористон танҳо нагузоред!”, “Мо бо туем, Панҷшер!”, “Мо бо туем, Аҳмади Масъуд!”, “Панҷшер ҳеҷ гоҳ шикаст нахоҳад хӯрд!”

Тазоҳургарони тоҷик аз Покистон талаб карданд, ки аз дахолат дар умури Афғонистон ва иштирок дар қатли омми мардуми Панҷшер даст бардорад. Тазоҳургарони тоҷик ҳамчунин аз Созмони Милал хостанд, ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд дар набардаш ба зидди Толибон кумак кунад ва Покистонро барои дахолаташ дар умури Афғонистон ва пуштибониаш аз Толибон маҳкум кунад.

Ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ 33 аз 34 вилояти Афғонистон, бо шумули ҳамаи шаҳрҳои бузург, аз ҷумла пойтахт, шаҳри Кобулро тасарруф карданд. Вилояти Панҷшер танҳо минтақаест, ки султаи Толибонро напазируфт ва дар инҷо таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд  Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст.

Толибон ахиран аз тасарруф аксари минтақаҳои бузурги аҳолинишини вилояти Панҷшер хабар дод, вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, то ҳол ҳудуди 60 фоизи қаламрави ин дараро дар даст дорад ва ба муборизааш ба зидди Толибон идома медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button