ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ШАҲРДОРИ СОБИҚИ ИСТАРАВШАН

Муним Холиқов, иқтисодшиноси шинохта, собиқ раиси Кумитаи омори ҳукумати Тоҷикистон ва собиқ раиси шаҳри Истаравшан рӯзи 11 сентябр дар Истаравшан дар синни 63 аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги шаҳрдори собиқ гуфта нашудааст, вале бино ба иттилои  хабаргузории “Спутник Тоҷикистон”, ҷанозаи Муним Холиқов рӯзи 11 сентябр, соати 14 дар қабристони “Талтеппа” – и шаҳри Истаравшан ба хок супурда мешавад.

Маъмурзода Нозим, сардори идораи амволи давлатӣ дар шаҳрдории Истаравшан ба “Спутник” хабари марги Муним Маъруповичро тасдиқ карда, гуфтааст:  “Холиқов дирӯз дар гузашти низомӣ ва тантанҳои бахшида ба 30-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳи шахсиятҳои маъруф иштирок намуда буданд, вале ин субҳ хабар доданд, ки он кас бандагӣ кардаанд, риштаи умрашон ҳамин қадар будааст…”

Холиқов Муним Маърупович 14 июли соли 1958 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада,  дар чандин мақоми давлатӣ, аз ҷумла муовини раиси вилояти Суғд оид ба масоили иқтисодӣ, раиси Фонди нафақа, раиси кумитаи омори ҳукумати Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан (солҳои 2006 -2011), раиси Хадамоти зиддимонополии шаҳри Душанбе ва сардори раёсати омори вилояти Суғд кор карда, соли 2016 ба нафақа баромада буд. Муним Холиқов ҳамчунин ду навбат вакили Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button