ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 15 ТО 18 СЕНТЯБР БА ДАЛЕЛИ НИШАСТИ ШАНХАЙ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲОИ МАРКАЗИ ДУШАНБЕ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли 2021, дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст. Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ – А.Дониш маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button