ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАРИ ШАБИ 8 СЕНТЯБР ДАР ГУЛАФШОН, МЕҲРОБОД ВА ҚАРАТОҒ

Шаби 8 сентябр, дар байни ҳамагӣ якуним соат: аз соати 20 то 21:30 дар се садама дар ноҳияҳои Ёвону Ҷаббор Расулов ва дар канори шаҳри Турсунзода се нафар: як мусофир, як дучархарони ноболиғ ва як пиёдагарди шахсияташ номаълум ба ҳалокат расидаанд. ВКД гуфт, дар Ёвон яу усто мошини “Мерседес”и барои таъмир ба ӯ супурдашударо мастомаст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ саворӣ карда, дар деҳаи Гулафшон ба қуттиҳои партови канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа як мусофири ин мошин ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-180”, Бобоёров Абдулвоҳид Қосимович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, устои таъмири воситаҳои нақлиёт, ки автомашинаи мазкур мансуб ба Қурбонов Алиҷон Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1997 буда, ба ӯ автомашинаи мазкурро барои таъмир намудан бовар карда супоридааст, бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ, бо ҳамроҳии Қулматов Шералӣ Таварович, соли таваллудаш 1974, бо автомашинаи мазкур ба ҷамоати деҳоти Норини ҳамин ноҳия омадаанд.
Сипас, ҳарду дар яке аз ошхонаҳо машрубот истеъмол намуда, дар деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Чоргул аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба қуттиҳои партовпартоии канори роҳ бархӯрдаанд.
Дар натиҷа, Қулматов Ш.Т ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мардони Қурбонзода, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Дӯстии ҳамин ноҳия аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Умаров Абдурауф Абдурасулович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Умаров А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Зокиров Асомиддин Муродалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button