ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ОХИРИН ОМОР: РӮЗИ 9 СЕНТЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН 12 КАС БА КОРОНАВИРУС ДУЧОР ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 9 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 12 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон 14 нафар  пас аз муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия  то шоми 9 сентябр  дар кишвар 17 054 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 915 нафар (99,2%) шифо ёфта, мутаассифона, 124 нафар  аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки то шоми 9 сенябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 15 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button