ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

МАРГИ МАРМУЗИ ЯК СОКИНИ ХУҶАНД БАЪДИ БОЗДОШТАШ АЗ СӮИ УБОП

Наздикони Отаҷон Дадобоев, як соҳибкори 55-сола аз маҳаллаи Пули Чуқури шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ӯ баъди боздошт дар натиҷаи шиканҷаи шадид ва зери қувваи барқ мондан

дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Хуҷанд ба сактаи қалбӣ гирифтор шуда, дар ҳамин шуъбаи УБОП ҷон додааст. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ӯро ба сабаби бемории қалбаш ба бемористон бурда буданд ва ӯ дар беморхона вафот кардааст.

Як манбаи пойгоҳи “Бомдод” гуфт, Отаҷон Дадобоев, ки дар маҳаллаи Пули Чуқур як чойхона ва дар боғи ЧумчуқАрал як толори варзиширо мечархонду аз шахсиятҳои таъсиргузори Хуҷанд дар солҳои 90 ба шумор мерафт, дар робита ба куштори ҳамон солҳо боздошт шуда буд.

Ӯ мегӯяд, “пас аз чанд соати боздошти ғайриқонуниаш, ҷасади ӯ аз мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар беморхона поин оварда шуд. Осори латукӯби шадид ва зери қувваи барқ мондан дар тамоми бадани ӯ мушоҳида мешуд.”

Мақомоти УБОП марги мармузи ин сокини Хуҷандро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи манбаи “Бомдод”,  “кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил М.Ф., С.М. ва Р.Х. аз ӯ маблағи калоне барои пуштибониашон талаб карда буданд, аммо вақте ӯ қабул накард, бо иттиҳоми куштори 30 соли пеш дастгир карда шуд.  Қазияи ин куштор ин будааст, ки нафаре бо номи Шавкат дар авоили солҳои навад баъди як хархаша бародари Отаҷон Дадобоевро ба қатл мерасонад. Дӯстони наздикони ӯ Шавкатро латукӯб мекунанд ва дар натиҷа ӯ низ ҷон медиҳад. Ҳоло Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Хуҷанд Дадобоевро дар ин қатл муттаҳам дониста, “барои бозпурсӣ” ба шӯъба бурдааст ва 16 соат зери латукӯб ва қувваи барқ вайро шиканча додаанд.”

Ин манбаъ мегӯяд, қаблан Дадобоев аз бемории дил шикоят надошт, аммо дар боздоштгоҳ баъди латукӯби шадид, чанд бор аз дарди шадиди дил шикоят мекунад, вале маъмурон бовар накарда ба латукӯб ва шиканҷааш идома додаанд. Танҳо баъди ба ин азобҳо тоқат накардану аз ҳуш рафтани боздоштшдуда кормандони УБОП “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд, вале аснои интиқол ба беморхона қалби Дадобоев дар ҳамон шуъбаи УБОП аз задан мондааст.

Мақомот ҷасади Отаҷон Дадобоевро ба хешовандонаш супурда, талаб кардаанд, ки бе ягон тафтиши санҷиш ҳарчӣ зудтар ӯро дафн кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, вақти шуштани майит пойҳояш кабуд буд  ва азбаски муддати зиёд ӯро зери қувваи барқ монда буданд,  дастонаш аз мушт кушода намешуд.

“Субҳ бурданд, ҷасадашро 11-и шаб оварданд.” Марги мармузи як сокини Хуҷанд баъди боздошт

·  Муллораҷаб Юсуфӣ

·  Нигораи Фазлиддин, Радиои Озодӣ

Наздикони Отаҷон Дадобоев, сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд, даъво доранд, ки кормандони пулис сардори хонаводаро боздошт карда, баъд аз понздаҳ соат ҷасадашро ба онҳо додаанд. Мақомот сабаби марги Дадобоевробемории қалбгуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ бемории дил надошт.

“Ду нафар бо либоси мулкӣ омаданд

Фотима Зокирова, ҳамсари Отаҷон Дадобоев, рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «ду нафар бо либоси мулкӣ соати 9-и рӯзи 31-уми шавҳарамро аз хона бурданд.»

Ба нақли Зокирова, ин ду нафар, ки баъдан фаҳмида шуд, маъмурони Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта будаанд, ба шавҳараш ҳатто иҷозаи иваз кардани либосро надодаанд. “Вақте шавҳарам пурсид, Шумо кӣ ҳастед, онҳо посух доданд, ки ҳамроҳ равем, мефаҳмед”, — афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо мегӯяд, писараш то бегоҳ дар назди шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд мунтазир буд ва нисфирӯзӣ барояш хӯрок ҳам бурд. Вале ба гуфтаи Фотима Зокирова, шавҳарашро ба онҳо нишон надода, гуфтаанд, ӯро бозпурсӣ доранд.

“Соати 11-и шаб шахсоне, ки саҳар омада буданд, ба хона омада, суроғаи раиси маҳалларо пурсиданд. Хонаи ӯро нишон додем. Баъд ба писарам занг задаанд, ки ягон амакатро гирифта биёр. Ба беморхонаи касалиҳои дил рафтем, ки дар онҷо касе нест, аллакай мурдаро ба морг мурда буданд. Ташхис карда, баъд ҷасадро доданд”, — гуфт Фотима Зокирова.

Натиҷаи ташхисро надода, вале бемории дил гуфтаанд

Мақомоти корҳои дохилӣ то ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Талошҳои дурӯзаи мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз дафтари матбуотии ВКД ва раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд бенатиҷа буд. Як масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, сабаби фавти Отаҷон Дадобоев бемории дил аст.

“Дар вақти бозпурсӣ саломатиаш бад шуд ва ёрии таъҷилиро даъват карда, ӯро ба беморхона бурданд”, — гуфт масъули Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Мақомот ба наздикони Отаҷон Дадобоев ҳам сабаби марги ӯро бемории дил гуфтаанд. Аммо натиҷаҳои ташхиси марги Дадобоев ба дасти наздиконаш дода нашудааст ва дақиқ нест, пизишкон баъд аз ташхис сабаби марги ӯро чӣ гуфтаанд.

Қазияи фавти Отаҷон Дадобоев феълан аз сӯи Додситонии вилояти Суғд таҳқиқ мешаванд.

Наворро дар инҷо бинед:

Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи оилаи Дадобоевҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додситонӣ дархост кардаанд, то ҳолати фавти Дадобоев муайян карда шавад. Наздикони Дадобоев аз додситонӣ мехоҳанд, сабаби ба идораи пулис бурдани ӯ ва эҳтимоли шиканҷа шуданашонро санҷад. Чун ба гуфтаи онҳо, дар вақти шустани ҷасад дар бадани Отаҷон Дадобоев «изҳои сиёҳ буд». Дар ҳоле ки ки натиҷаҳои ташхиси тиббии Отаҷон Дадобоев дастрас нест, тасдиқ кардани дурустии ин гуфтаҳо номумкин аст.

Ҳодисаҳои бо ҳам монанд

Дар шароите, ки мақомот аз суҳбат дар бораи қазияи Дадобоев ва марги мармузи ӯ худдорӣ мекунанд, норӯшаниҳо дар ин қазия зиёд аст. Аз ҷумла, инки ӯ дар робита ба кадом қазия барои бозпурсӣ бурда шуд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Отаҷон Дадобоев дар робита ба як муноқишае, ки солҳо пеш рух дода буд, бозпурсӣ шудааст.

Фавти ногаҳонии шаҳрвандон баъди боздошт ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Соли 2018 Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб аз сӯи маъмурони милисаи ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошт ва баъд аз чанд соат дар беморхона даргузашт. Наздикони Назаров гуфтанд, ӯ шиканҷа шудааст, вале мақомот то ҳол натиҷаи тафтишро нашр накарданд.

Даргузашти Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат дар соли 2015 яке аз қазияҳои монанд ба ин аст, ки то ҳол норӯшан мондааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ марги Бобоҷонов ва чанд ҳодисаи монанд ба онҳоро ба шиканҷа рабт медиҳанд, вале мақомот на ҳамеша ин гуна назарҳоро эътироф мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button