ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ОИЛАИ ТОҶИКҲО ДАР ЯК ДЕҲА ДАР РУСИЯ 13 ФАРЗАНДРО ТАРБИЯ МЕКУНАД (ВИДЕО)

Нашрияи маҳаллии «Губерния» дар як гузориши видеоӣ дар бораи оилаи Зоир Саидов, духтури равоншинос аз Тоҷикистон нақл кард, ки дар  деҳаи Богдантсево дар ноҳияи Судогдаи вилояти Владимири Русия ба сар мебарад. Зоир ва ҳамсараш Фарида 13 кӯдак доранд, ки аз ҳама калониаш 17-сола буда, хурдиаш тоза моҳи августи соли ҷорӣ дида ба ҷаҳон кушодааст. Зоир қаблан дар Хабаровску Краснодар кор мекард ва як сол қабл ба Владимир кӯчид. Тибқи барномаи “Переселение” ба оилаи Зоир дар Владимир 2 миллион рубл кумакпулӣ доданд ва барои 5 сол бо вай қарордод бастанд. Зоир ҳоло дар хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” кор мекунад, вале зиндагӣ дар деҳаро бар шаҳр бартарӣ дод. Аммо вақте соли таҳсил сар шуд, маълум шуд, ки зиндагӣ дар деҳа мушкилоти худро доштааст. Кӯдакони Зоирро ба мактаб нагирифтанд, чунки мактаб аз хонаи ӯ 14 километр дур асту ва роҳи деҳааш ба болои ин чунон хароб аст, ки маъмурияти мактаб гуфт, барои фарзандони Зоир ҳар рӯз автобус фиристода наметавонад.

Хабарнигори “Судогда” мегӯяд, имсол дар вилояти Владимир 145 ҳазор нафар ба мактаб рафтанд, аз ҷумла 15 ҳазор кӯдак имсол ба синфи якум рафт. Вале либоси мактабии фарзандони Зоир Саидов аз ноҳияи Судогда дар ҷевон овезон монд. Онҳоро ба мактаб нагирифтанд.

Зоир Саидов маҷбур шуд, ки худаш дар хона кӯдаконашро дарс диҳад. Ӯву ҳамсараш Фарида 13 фарзанд доранд, ки калониаш 17 сол дошта, хурдиаш якмоҳа ҳам нашудааст.

Зоир мегӯяд, ки дар вақташ ба хотири фарзандонаш шуда, аз Тоҷикистон ба Русия кӯчида буд: “Дар онҷо кӯдакон оянда надоштанд. Як одам синфи 8 ё 10-ро тамом карда, соли дигар бе ягон маълумоти махсус муаллими мактаб мешавад.”

Зоир, ки духтури равоншинос аст,  қаблан дар Хабаровску Краснодар кор мекард ва як сол қабл ба Владимир кӯчид. Тибқи барномаи “Переселение” ба оилаи Зоир дар Владимир 2 миллион рубл кумакпулӣ доданд ва барои 5 сол бо вай қарордод бастанд. Зоир ҳоло дар хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” кор мекунад, вале зиндагӣ дар деҳаро бар шаҳр бартарӣ дод.

Михаил Толкунов, раиси деҳаи Богдантсево мегӯяд, дар ин деҳа 65 хона ҳаст, ки танҳо 6 ё 7 оилааш сокинони маҳаллианд. Боқимонда мисли Зоир ҳама мардуми омад аст.

Аз Богдантсево то шаҳри Владимир бо мошин ҳамагӣ ним соат роҳ аст. Оилаи Зоир дар ин деҳа дар хонаи бародари ӯ зиндагӣ мекунад. Онҳо ба инҷо моҳи август, пеш аз шурӯи соли таҳсил кӯчиданд. Аммо кӯдакони Зоир ба мактаб рафта натавонистанд, чунки автобуси мактаб ба сабаби вайрон будани роҳи деҳаи Богдантсево барои гирифтани онҳо наомад.

Мактаби наздиктарин дар деҳаи Чамерево ҷойгир шудааст, ки аз хонаи Зоир 14 километр дур аст.

Мудири мактаб Лариса Хамрина гуфт, аз мушкили фарзандони Зоир Саидов хабар дорад ва роҳи ҳалли онро ҳам пайдо кардаанд: кӯдаконро метавонанд аз ҳамсоядеҳаи Исаково бигиранд.

“Мо ин кӯдаконро бурдаву оварда метавонем. Вале талаботи ГАИ чунин аст, ки роҳ бояд мумфарш бошад. Вале роҳи мумфарш танҳо то Исаково аст. Мутаассифона, кӯдакон бояд то Исаково ё пиёда бираванд ваё волидонашон онҳоро бо мошин то онҷо биоранд”, — мегӯяд Лариса Хамрина.

Вале ин барои Зоир роҳи ҳал нест, чунки ӯ аксар вақт дар ҷои кор аст.

Аз мушкили оилаи ӯ дар маъмурияти ноҳияи Судогда низ бохабар шудаанд. Нина Медведева, мудири идораи маорифи ноҳия мегӯяд,  масъала танҳо дар мумфарш будан ё набудани роҳ нест, дар сабти ном (прописка) ҳам ҳаст. Сабти номи фарзандони Зоир Саидов дар Богдантсево нест ва ба ин далел, онҳоро расман ба мактаб қабул карда наметавонанд.

Дар лобалои ин коғазбозиҳо фарзандони Зоир Саидов то ҳол бемактаб боқӣ мемонанд. Ва он ҳам дар ҳоле ки Зоир маҳз ба хотири таъмини ояндаи хубтаре барои кӯдаконаш аз Тоҷикистон ба Русия кӯчида буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button