
Гумруки вилояти Маскав хабар дод, ки аз интиқоли 4,4 тонна прекурсорҳои маводи мухаддир ба Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон пешгирӣ карда ва дар ин робита бар асоси моддаи 16,3 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми риоя накардани қарорҳои манъ ё маҳдуд кардани интиқоли маҳсулот ба ё аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё 3 парвандаи маъмурӣ кушодааст.
Хадамоти матбуоти гумруки вилояти Маскав гуфт, ин маҳсулоти махсусро бо нақзи қоидаҳои интиқоли он аз қаламрави Иттиҳоди АвроОсиё интиқол доданӣ буданд. Миқдори прекурсорҳо, ба гуфтаи мақомоти гумрук, бештар аз ҳадди ниҳоие буд, ки интиқоли бидуни иҷозатномаи махсуси ин навъи маҳсулоти ҳассосро иҷозат медиҳад.
“Кормандони гумрук ташкилотеро муайян карданд, ки маҳсулоти кимиёвии бештар аз ҳадди мумкинро ба Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон бурданӣ буд. Ин ташкилот бар хилофи талаби мақомоти гумрук, молашро барои тафтиш ба минтақаи назорати гумрукӣ пешкаш накард”, – гуфта мешавад дар иттилоияи гумруки вилояти Маскав.
Дар пайи тафтиши анборҳои ширкат, ҳамаи ин боре, ки мебоист ба се кишвари СНГ содирот мешуд, мусодира карда шудааст.
Прекурсорҳо дар саноати кимиё фаровон истифода мешаванд, вале онҳо як ашёи муҳим барои тавлиди маводи мухаддири сунъӣ, аз ҷумла ҳероин низ ба ҳисоб мераванд. Дар аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – манбаи асосии таъмини бозорҳои сиёҳи дунё бо ҳероину аф.н ва ҳашиш – 1400 километр марзи мустақим дорад, гардиди прекурсорҳои таҳти назорати вижаи мақомоти амниятӣ қарор дорад, то ки ин маҳсулоти ҳассос ба дасти тавлидкунандагони маводи мухаддир наафтад.