ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ ИСТАРАВШАН ҲАМСАРАШРО САХТ ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

Сокини 29-солаи шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 август, соати 23:30 дар хонааш ҳамсари 27-солаашро латтукӯб карда, ба саломатии ӯ осеби вазнин расондааст. Ба ин мард акнун ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ххххххх

Сокини 53-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки 6 сол пеш аз як сокини дигари пойтахт бо фиреб 50 ҳазор сомонӣ гирифта, 10 ҳазор аз ин маблағро то ҳол надодааст.

ххххххх сокини

Сокини 31-солаи ҷамоати Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров моҳи ноябри соли 2020 моҳини “Мерседес”-и сокини 34-солаи ноҳияи Рӯдакиро 51 ҳазор доллар нарх карда, ваъда додааст, ки дар ивазаш аз Хуҷанд барояш 85 тонна арматура меорад, вале мошинро 38 ҳазор доллар фурӯхта, пулашро ба манфиати шахсиаш харҷ кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Нисбати марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ӯ рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 27-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб кардааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошанд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2015, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, марди 53-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 40 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда 10 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки арзишаш 51 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Хуҷанд 85-тонна арматураро оварда медиҳад, аммо автомашинаро ба маблағи 38 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button