АфғонистонВидеоСиёсат

СЕ ТОҶИКИ ТОЛИБОНПАРАСТ НИЗ ДАР ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН ВАЗИР ШУДААНД

Аксарияти кулли ҳукуматеро, ки Толибон рӯзи 7 сентябр муаррифӣ кард, паштунҳо ташкил медиҳанд. Вале ин гуруҳи тундрав барои онки ҳукуматашон пурра “паштуншумул” нанамояд, ба ҳайъати он як ӯзбеку се тоҷики толибонпарастро ҳам дохил кардаанд, то ки ҳукуматашонро “афғоншумул” ҷилва диҳанд. Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини дуюми сарвазир аз қавми ӯзбек ва аз вилояти Ҷузҷон аст. Ҳамин тавр, Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод, Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ва Қорӣ Фасеҳуддин, луидиристиз ё фармондеҳи Ситоди артиш ҳар се тоҷик ва аз вилояти Бадахшон мебошанд.

Аммо бақия наздики 30 курсии дигари ҳукумат, бо шумули тамоми мансабҳои калидӣ, аз ҷумла ҳамаи вазоратҳои қудратӣ дар дасти худи паштунҳо қарор гирифта, раиси ҳукумат, муовини аввали ӯ  ва ҳамин тавр, раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода, ки роҳбари аввали “Иморати исломии Афғонистон” ва “амиралмӯъминин” эълон шудааст, ҳама аз паштунҳоянд.

Толибон ҳукумати худро рӯзи 7 сентябр муаррифӣ кард. Қаблан бисёре аз кишварҳои муҳими дунё аз Толибон хостори ташкили як ҳукумати фарогир шуда буданд, вале ин гуруҳи тундрав ин хостаҳоро сарфи назар кард ва ба ҳукуматаш ҳатто нафарони ҷанҷолбарангезеро, ба мисли Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ шомил кард, ки аз сӯи Амрико  таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, барои сари ӯ 5 миллион доллар ҷоиза ҳам муқаррар кардаанд.

“Ҳукумати паштуншумул”: тору пуди ҳукумате, ки “Толибон”* эълон карданд

Аз 33 нафаре, ки “Толибон”* ба ҳайси ҳукумати сарпарасти Афғонистон муаррифӣ карданд, аксариятро паштунҳо ташкил мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Аксари чеҳраҳои ҳукумати сарпарасти “Толибон”* на фақат дар хориҷ, балки дар дохили Афғонистон низ чандон шинохт надоранд, бахусус ғайрипаштунҳои он, ки бояд ин ҳукуматро “афғоншумул” ҷилва диҳанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ин 33 нафар чаҳор нафар аз ғайрипаштунҳо дар ҳукумати сарпарасти “Толибон”* – ро шиносоӣ карданд.

Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод, Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ва Қорӣ Фасеҳуддин, луидиристиз ё фармондеҳи Ситоди артиш ҳар се тоҷик ва аз вилояти Бадахшон мебошанд. Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини дуюми сарвазир аз қавми ӯзбек ва аз вилояти Ҷузҷон аст.

Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, зодаи вулусволии Яфтали Бадахшони Афғонистон, ягона тоҷик ва ғайрипаштуни баландпояи “Толибон””*, дар ҳукумати қаблии онҳо (1996 – 2001) вазири плон ва таҳсилоти олӣ буд. Ӯ соли 2013 дар қатори даҳ раҳбари аршад дар Дафтари Қатари “Толибон”* низ ҳузур ёфт.

Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ зодаи вулусволии Роғистони Бадахшон аст, ки аз оғоз бо “Толибон”* ҳамкорӣ мекард ва бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, “толибони тоҷикистонӣ” – и Бадахшон таҳти амри ӯ фаъолият мекунанд.

Қорӣ Фасеҳуддин зодаи вулусволии Вардуҷи Бадахшон, қаблан волии номниҳоди “Толибон”* дар ин вилоят ва фармондеҳи минтақаи шимолу шимолу шарқ, масъули қитъаи хоси ин ҳаракат дар Панҷшер буд.

Қаблан гуфта мешуд, ки ба ҷуз Ҳанифу Фасеҳуддин ва Наҷибуллоҳ шахсе ба номи Паҳлавон ё Мавлавӣ Шамсиддин аз вулусволии Кишм, яке дигар аз “толибтоҷикон”-и Афғонистон, вазири адлия дар ҳукумати нави “Толибон”* хоҳад буд. Аммо номи ӯ дар рӯйхати вузаро дида намешавад.

Абдусалом Ҳанафӣ аз раҳбарони аршад “Толибон”* аст. Ӯ аз аъзои аслии тими музокиракунанда дар Дафтари Қатари ин гурӯҳ ва муовини вазири омӯзиш ва парвариш дар ҳукумати қаблии “Толибон”* буд. Аз ибтидо бахше аз “Толибон”* ва дар миёни онҳо маъруф ба “олими дин” аст.

Намояндагони ҳазораҳои шиа – сеюм ақалияти миллии Афғонистон, пас аз паштуну тоҷикон, дар рӯйхати вузаро шомил нестанд. Ҳатто ягон ҳазораи суннӣ низ ҳузур надорад. “Толибон”* аз қабл эълон дошта буданд, ки мазҳаби шиаи ҷаъфариро расман нахоҳанд шинохт. Ҳукуматҳои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ин мазҳабро дар баробари мазҳаби аҳли суннат ба расмият мешинохтанд.

Бақия 29 нафаре, ки шомили ин рӯйхат шудаанд, ҳамагӣ паштун буда, онро аз як ҳукумати “афғонистоншумул” ба “паштуншумул” табдил медиҳанд. Раҳбари ҳукумат Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, раисалвузароъ ё сарвазир, аз Қандаҳор ва шохаи дуррониҳои ин қавм аст.

Бо назардошти ин, ки Мулло Ҳайбатулло, “амирулмуъминин” – и “Толибон”*, ҳоло Раиси Шӯрои олӣ ва Мулло Абдуғанӣ Бародар, муовини сарвазир низ аз шохаи дуронии қавми паштун мебошанд, ҳукумат дар Афғонистон пас аз Ҳомид Карзайи дуронӣ ва Ашраф Ғании ғилҷоӣ дигарбора ба дасти дурониҳо меафтад.

“Рӯйхати сиёҳ”

Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ҳоло сарпарасти вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчун афроди хатарнок ва террорист дар “рӯйхати сиёҳ” – и Созмони милали муттаҳид қарор доранд. Ҳузури ин ду нафар метавонад эътирофи ҳукумати “Толибон”* аз сӯи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба мушкил дучор созад.

Дар ин ҳукумат ба шумули Сироҷуддин Ҳаққонӣ, чанд нафари дигар – Мавлавӣ Абдулҳаким, сарпарасти вазорати адлия, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати муҳоҷират низ аз “Шабакаи Ҳаққонӣ”* мебошанд. Ин созмон дар баробари “Толибон”* дар рӯйхати созмонҳои террористии Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ ва Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ҳарчанд лақаби “Ҳаққонӣ”-ро доранд, аммо марбути “Шабакаи Ҳаққонӣ” намебошанд.

Бархе аъзои кобинаи сарпарасти “Толибон”* собиқ маҳбуси Гуантанамои Куба ҳастанд. Масалан, Нуруллоҳ Нурӣ, волии собиқи Балх, ҳоло сарпарасти вазорати сарҳадоту қабоил ва Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ, собиқ волии Ҳирот, ҳоло сарпарасти вазорати иттилооту фарҳанг, 12 солро дар боздоштгоҳи Гуантанамо сипарӣ карда, соли 2014 бо иттифоқи чанд нафари дигар бо як афсари амрикоӣ табодул шуда буданд.

Масъалаи эътирофи ҳукумати “Толибон”* барои ин гурӯҳ ҳамеша доғ ва мушкилофар буд. Дар замони зуҳури аввали онҳо – солҳои 1996 – 2001 – ба ҷуз Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дигар ҳеҷ кишвари ҷаҳон онҳоро ба расмият нашинохт.

Ҳоло низ кишварҳое, ки зоҳиран пуштибони онҳо ба шумор меоянд, дар эътирофи ҳукумати онҳо таъхир мекунанд. Агар сафари раиси ISI – Созмони истихбороти Покистон ва кӯмакҳои ин кишвар ба “Толибон”* дар амри ишғоли Панҷшер ба назар гирифта шавад, Исломобод амалан ин ҳукуматро эътироф кардааст.

Чеҳраҳои наву кӯҳна

Ба ҷуз чеҳраҳое, назири Мулло Муҳаммад Ҳасан, Қорӣ Динмуҳаммад ва афроди зикршуда як қатор аъзои дигари ҳукумати сарпарасти “Толибон”* низ аз ҳукумати қаблии онҳо омадаанд. Яке аз онҳо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷӣ аст, ки дар ҳукумати қаблӣ вазири фарҳангу иттилоот буд ва собиқ коммунисти “халқӣ”, ҳоло Шайх Шермуҳаммад Стоникзай ҳам мақоми қаблии худ – муовинати вазорати хориҷиро гирифт.

Дар ҳамин ҳол, “Толибон”* фарзандони “амирулмуъминин” – ҳои қаблии худро ҳам фаромӯш накарданд. Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъ, писари Мулло Умар, асосгузор ва раҳбари аввали “Толибон”* аст. Абдулатиф Мансур, сарпарасти вазорати обу барқ, писари Мулло Ахтар Мансур, “амирулмуъминин” – и дуввуми “Толибон”* аст, ки соли 2016 аз сӯи тайёраи бесарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуда буд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”*, ки рӯзи 7 сентябр дар нишасти хабарӣ дар Кобул руйхати ин кабинаи сарпарасти “Толибон”* – ро эълон мекард, гуфт, ҳайати эълоншуда муваққатӣ аст, на доимӣ.

“Номашрӯъ”

Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ягона нерӯи мухолифи “Толибон”* ва ҳозир дар саҳнаи Афғонистон, эълони кобинаи сарпарастро ғайриқонунӣ ва намоди боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон хонд. Ин ҷабҳа дар як иҳзороти расмӣ гуфт, ҳукумати ғайриқонунӣ ва номашруъи “Толибон”* дар Кобулро таҳдиде ба суботи амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон медонад.

“Мо аз Созмони милали муттаҳид, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкории минтақаии Шонгҳой, САРК, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ё ЭКО, кишварҳои узви прусаи “Қалби Осиё”, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва кишварҳои таъсиргузори минтақаву ҷаҳон мехоҳем, ки то эҷоди шароити мубтанӣ бар хости тамоми мардуми Афғонистон аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо “Толибон”* худдорӣ варзанд ва мардуми Афғонистонро дар раҳоӣ аз терроризм ва ишғол ҳамкорӣ кунанд, то бошад як ҳукумати мубтанӣ бар орои мардум дар кишвар шакл бигирад”, – омадааст дар баёнияи Ҷабҳаи муттаҳид, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, баъд аз машвара бо шахсиятҳои сиёсӣ ва кодрҳои мутахассис ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолор ва посухгӯро эълом хоҳад кард.

*Толибон – созмони мамнуъ дар Тоҷикистону Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button