ВидеоТоҷикистон

РАҲПАЙМОИИ ҶАШНӢ ДАР ДУШАНБЕ (71 АКС)

Рӯзи 9 сентябр дар майдони Дӯстӣ дар маркази шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон раҳпаймоии ҷашнӣ доир шуд. Дар ин раҳпаймоӣ, ки аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Исмоили Сомонӣ тӯл кашид, беш аз 30 ҳазор нафар иштирок карданд.

Ин намояндагони касбу корҳои гуногун, кормандони муассисаҳову корхонаҳоро, ки портретҳои хурду бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон ва парчамҳои Тоҷикистону аксҳои дигар қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар даст аз майдон мегузаштанд,  дар минбар президент Эмомалӣ Раҳмон  истиқбол кард. Эмомалӣ Раҳмонро  дар минбар раисони ҳарду маҷлиси парлумон Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон ҳамроҳӣ мекарданд.

Тавре ба назар мерасид, бо вуҷуди таҷаммӯи издиҳоми бузург, касе ба меъёрҳои беҳдоштӣ риоя намекард ва тақрибан ягон кас ниқоб надошт.

Раҳпаймоии рӯзи 9 сентябр нуқтаи авҷи тантанаҳои бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон гардид. Рӯзи 7 сентябр дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 162 ҳазор нафар гузашти низомӣ (паради ҳарбӣ) баргузор гардида, рӯзи 8 сентябр дар як ҷаласаи тантанавӣ Эмомалӣ Раҳмон бурду бохти кишварро дар 30 соли истиқлолаш ҷамъ баст кард.

Инак 29 сол аз 30 соли истиқлолаш Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ҷашни истиқлол дар ҳоле гузашт, ки бино ба бархе сару садоҳо, эҳтимол меравад, ки баъди ин ид Эмомалӣ Раҳмон курсии президентиро ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурда, худ  мисли Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон ҳамчун Пешвои миллат роҳбарии умумии давлатро ба уҳда бигирад.

Рӯи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ахиран тағйири ҷиддии вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя соя андохт. Ин кишвари ҷангзадаро, ки бо Тоҷикистон наздики 1400 километр марзи мустақим дорад, моҳи август гуруҳи тундрави Толибон тасарруф кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 сентябр як бахши аъзами суханронии ҷашниашро ба вазъи Афғонистон бахшид ва аз он изҳори ҳайрат кард, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ нисбат ба ончӣ, ки ин шабу рӯз дар Афғонистон мегузарад, сукут ихтиёр кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукуматеро, ки ба тоҷикони Афғонистон ва дигар ақалиятҳои миллии он кишвар ҷойгоҳи шоиста қоил намеояд, эътироф нахоҳад кард. Толибон ду рӯз пеш 33 узви ҳукуматашро муаррифӣ кард, ки дар он танҳо 3 тоҷики “толибонпараст” мақом гирифтаанд. Бар хилофи тақозо ва интизори ҷомиаи байналмилалӣ, Толибон пешниҳоди ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро сарфи назар кард.

Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   09.09.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button