ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АЁДАТИ 31 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОЗДОШТГОҲИ САХАРОВО (5 АКС)

Рӯзи 8 сентябр, дар арафаи иди  30-солагии истиқлоли Тоҷикистон консули Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахарово дар канори шаҳри Москва боздид  карда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин боздоштгоҳ шинос шуда, ҳамчунин ба 31 муҳоҷири тоҷике, ки дар инҷо нигоҳ дошта мешаванд, туҳфаҳои идона тақд им кард.

Дар ин бораи ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Муҳаммад Собиров бо нашри 5 акс дар Фейсбук хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 31 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 29 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид. Барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз низ тақдим карда шуд

Сафорат мегӯяд, корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button