ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ ДУ МИЛЛИОН НАФАР ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ГИРИФТААНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 7 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 19 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон 20 нафар  пас аз муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия  то шоми 7 сентябр  дар кишвар 17 024 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 886 нафар (99,2%) шифо ёфта, мутаассифона, 124 нафар  аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки то шоми 7 сенябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 14 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Ин ҳатто камтар аз 19 нафарест, ки ба коронавирус сироят шудани онҳо тоза рӯзи 7 сентябр ошкор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ваксин гирифтани тамоми аҳолии калонсолро як роҳи аз ҳама муассири пешгирӣ аз паҳншавии бештари коронавирус дар кишвар мешуморанд.

Бино ба омори вазорати тандурустӣ, то рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон алакай 2 миллиону 97 ҳазору 435 нафар ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Ин 36% аз ҷамъи аҳолиеро, ки бояд ваксина зада шаванд, ташкил медиҳад. Аз ин шумор то 6 сентябр 1 миллиону 77 ҳазору  100 нафар ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия дар пойтахт, шаҳри Душанбе 94,9% иҷро гардидааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19  ба Тоҷикистон дар умум 4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина корд карда шудааст. Тибқи нақшаи миллӣ, қарор аст, 5,8 миллион шаҳрвандони аз 18сола болои Тоҷикистон ваксина зада шаванд. Ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон буда, гирифтани он барои ҳамаи калонсол ҳатмӣ эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button