ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДУ ОДАМКУШӢ ВА ЯК СӮИҚАСД БА КУШТОР ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ ДУ СОАТ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду одамкушӣ ва як сӯиқасд ба куштор дар як рӯзи 6 сентябр хабар дод. Ин се ҷинояти сангин шоми 6 сентябр, дар байни ҳамагӣ ду соат: аз соати 18 то 20 дар деҳаи Ниҷонӣ дар канори шаҳри Истаравшан, деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ ва  деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов рӯй додаанд.

Тахминан соати 18, марди 46-солаи сокини деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан аз рӯи хусумати шахсӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд мусаллаҳ гашта, ба хонаи истиқоматии марди 29-солаи ҳамдеҳааш даромада, 1-маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст. Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тахминан соати 19:00, марди 30-солаи сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба хонаи истиқоматии хусураш ба деҳаи Сангтудаи ҳамин ноҳия омада, бо корд ҳамсараш, зани 29-соларо 9 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ва тахминан соати 20:00, марди 37-солаи сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамсари бародараш, зани 40-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати гарданаш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани 2 ҷинояти одамкушӣ

6-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:00, марди 37-солаи сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамсари бародараш, зани 40-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати гарданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 6-уми сентябри соли равон, тахминан соати 19:00, марди 30-солаи сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба хонаи истиқоматии хусураш ба деҳаи Сангтудаи ҳамин ноҳия омада, бо корд ҳамсараш зани 29-соларо 9 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани сӯиқасд ба одамкушӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми сентябри соли равон, тахминан соати 18:00, аз рӯи хусумати шахсӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд мусаллаҳ гашта, ба хонаи истиқоматии марди 29-солаи ҳамдеҳааш даромада, 1-маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷинояӣ бо моддаи 32-104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button