ДАР ЯК САДАМА ДАР ЗАРҲАЛОЛ ЯК МУСОФИР ҲАЛОК ВА СЕ КАС ЗАХМӢ ШУДАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 6-уми сентябри соли равон, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс-Атеко», Баротов Неъматулло Маҳмадмуъминович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ш.Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Ҷамолов Ҳабибулло Баротович, соли таваллудаш 1966, сокини деҳаи Зарнисори ш.Истравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ахмедҷонов Рустам Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1968, сокини ш.Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҷамолов Ҳ.Б. ва дигар мусофиронаш: Ниёзмаҳмадова Ҳусния, соли таваллудаш 1964 ва Ниёзмаҳмадова Зулайхо, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.