ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ПОЛША БАРОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ МАРЗ ГУЗАРОНДАНИ МУҲОҶИРОН

Нашрияи RMF24 аз қавли сухангӯи Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) хабар дод, ки 6 нафарро дар марзи ин кишвар бо иттиҳоми кумак ба интиқоли ғайриқонунии паноҳҷӯён дастгир кардаанд. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Олмон, Финляндия, Тоҷикистон, Сурия, Ироқ ва як ироқии соҳиби шиносномаи Полша будаанд.

Анна Михалская, сухангӯи Хадамоти марзбонии Полша гуфт: “Ба зидди ҳамаи онҳо бо иттиҳоми кумак ба убури ғайриқонунии марзи давлатии Полша айбнома эълон шудааст. Онҳо асосан ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва интиқоли онҳо ба дарунтари қаламрави Полша ва кишварҳои дигар машғул будаанд.”

Яке аз дастгиршудаҳо дар Варшава дар як ширкати машҳури нақлиётӣ кор мекард. Шаҳрванди дастгиршудаи Сурия дар Олмон ва шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша ҳаққи иқомат дошта, шаҳрванди Финландия дар асл зодаи Сурия буда, ироқии дастгиршуда дар Латвия паноҳҷӯ будааст. Додситонӣ ба зидди онҳо парванда кушодааст, вале нисбат ба ин афрод алакай раванди ихроҷ аз қаламрави Полша ба кишвари аслиашонро шуруъ карда, онҳоеро, ки шаҳрвандӣ надоранд, барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба минтақаи Шенген маҳрум мекунанд.

Полша, ки бо чанд ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла бо Беларусу Украина марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи интиқоли муҳоҷирону паноҳҷӯён табдил ёфтааст. Паноҳҷӯёни тоҷик низ асосан аз тариқи Полша вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд.

Мақомоти Полша мақомоти Беларусро ба ташкили мавҷи фазояндаи муҳоҷирону паноҳҷӯён ба ин кишвар айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳукумати Лукашенко бо ин роҳ мехоҳад барои пуштибонии Полша аз мухолифини беларус интиқом бигирад.

Танҳо дар як шабонарӯзи охир марзбонҳои Полша аз 191 кӯшиши убури ғайриқонунии марзи ин кишвар пешгирӣ карда, 17 марзшиканро дастгир кардаанд. 9 нафари онҳо аз Конго, 4 нафар аз Афғонистон, 3 кас аз Ироқ ва якеи дигар аз Камерун будаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button