ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПЕШВО, ҲОМӢ ВА САРДОРИ МИЛЛАТ: УНВОНҲОИ БОЛОХОНАДОРИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Вакилони парлумони Ӯзбекистон пешниҳод кардаанд, ки ба президент Шавкат Мирзиёев унвони Сардори миллат дода шавад. Ин ташаббус аз вакили сенат Қудратилло Рафиқов бархост, ки дар як мақола бо тавсифи хидматҳои Мирзиёев навишт, мардуми ӯзбек, бахусус насли ҷавон ба президент эътимоди комил дошта, кӯдакон аз ӯ ҳатто ба ваҷд меоянд. Рафиқов дар анҷоми мақолааш пешниҳод кард, ки президент Мирзиёевро бо эҳтиром Сардори миллат ном баранд.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 дар пайи фавти Ислом Каримов ба қудрат расид ва моҳи октябри соли ҷорӣ мехоҳад барои боз як давраи дигари раёсат ба интихобот биравад.

Таҷрубаи додани унвонҳои болохонадор ба президентҳо дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи нав нест.

Аввалин шуда дар минтақа унвони фахриро Сафармурод Ниёзов, ҳокими худкомаи Туркманистон ба даст овард. Ба ӯ ҳанӯз соли 1993 унвони Туркманбошӣ дода шуд, ки маънояш “пешвои мардуми туркман” аст. Ба Ниёзов чӣ мансабдорон ва чӣ одамони оддӣ бо ҳамин ном муроҷиат мекарданд ва ному насаби аслиаш тақрибан аз ёдҳо фаромӯш шуда буд. Ин унвони Ниёзовро ҳатто ба ҷуғрофиё ворид карданд ва даҳҳо кӯчаву деҳа, чандин қуллаву шоҳроҳ, як канали бузург ва як шаҳрро ҳам Туркманбошӣ ном карданд. Ниёзовро ҳамчунин ғайрирасмӣ “Сардор” ном мебурданд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки соли 2007 дар пайи даргузашти Ниёзов ба қудрат расид, роҳи ӯро идома дод ва соли 2011 Маҷлиси маслиҳатии оқсақолҳои Туркманистон ба Бердимуҳаммадов унвони “Арқадаг” дод, ки маънояш ҳомӣ, такягоҳ ё пуштибон аст. Шаҳрвандон бояд ба Бердимуҳаммадов чунин муроҷиат кунанд: “Арқадаги меҳрубони мо”. Бердимуҳаммадовро ҳамчунин “Наҷотбахш” ва “Нури миллат” низ ном мебаранд.

Ба Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон ҳанӯз соли 2010 унвони Пешвои миллат (Елбасӣ) доданд. Баъди онки ӯ соли 2019 аз қудрат рафт, унвони расмии Назарбоевро ба шакли пурра ҳоло чунин талаффуз мекунанд: Президенти нахустин  – Елбасӣ. Зодрӯзи Назарбоев гӯё иттифоқан бо Рӯзи пойтахти Қазоқистон дар як рӯз аст. Номи пойтахтро, ки пеш Остона буд, низ ба шарафи Назарбоевҳоло  ба Нур-Султон иваз карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҳамтоёнаш дар минтақа ақиб намемонад. Ӯро расман Пешвои миллат – Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ унвон додаанд. Эмомалӣ Раҳмон ин унвонро соли 2015 ҳамроҳ бо як силсила имтиёзҳо, аз ҷумла ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиаш ба президентӣ ба даст овард. Дар матбуоти расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин “Ҷаноби олӣ” ном мебаранд ва  пеш аз номаш ҳатман сифати “муҳтарам”ро ҳамроҳ мекунанд. Ҳамин тавр, дар хабарҳои расмӣ  ҳар амали Эмомалӣ Раҳмон ҳатман бо феъли ҷамъ зикр мешавад: “Пешвои миллат бо …. мулоқот карданд”, “Ҷаноби олӣ ба …. сафар карданд”, “муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд…”

Моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти сарони кишварҳои минтақа дар осоишгоҳи Овозаи Туркманистон  ба президенти Тоҷикистон “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро тақдим карданд.  Эмомалӣ Раҳмон аз байни роҳбарони минтақа аввалин нафарест, ки сазовори ин мукофоти тозабунёд дониста шуд. Гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон “бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ –  “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.”

Танҳо раисиҷумҳурҳои беунвон дар минтақа роҳбарони Қирғизистонанд. Ин ҷумҳурӣ баъди суқути Шӯравӣ инак шашумин президентро таҷриба мекунад. Зоҳиран ҳамин зуд иваз шуданҳо ба  президентҳои Қирғизистон фурсати даст ёфтан ба унвонҳои болохонадорро намедиҳад, вагарна  боз чанд “пешвои миллат” аз ин сарзамин бармехест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button