ВидеоТоҷикистон

ПАРАДҲОИ ҲАРБӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ДИГАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба пешвози30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ гузашти низомӣ ё парадҳои ҳарбӣ баргузор карда шуд. Дар ин парадҳои ҳарбӣ дар маҷмӯъ 162 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, танҳо дар гузашти низомӣ дар маркази Душанбе 30 ҳазор аскару афсар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин бузургтарин гузашти низомӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст, чунки ба навиштаи хадамоти матбуоти президент, дар парадҳои қаблӣ аз 5 то 15 ҳазор нафар иштирок мекард. Дар паради имсола ба шарафи 30 соли истиқлоли Тоҷикистон аз тӯпҳо  30 маротиба шиллик кардаанд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, танҳо дар гузашти низомӣ дар маркази Душанбе 30 ҳазор аскару афсар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин бузургтарин гузашти низомӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст, чунки ба навиштаи хадамоти матбуоти президент, дар парадҳои қаблӣ аз 5 то 15 ҳазор нафар иштирок мекард. Дар паради имсола ба шарафи 30 соли истиқлоли Тоҷикистон аз тӯпҳо  30 маротиба шиллик кардаанд.

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  07.09.2021

Иштирочкиёни парадро дар майдони Дӯстӣ президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо истиқбол карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш бидуни ишора ба кадом кишвар аз афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ дар минтақа ҳушдор дод. Ӯ аз ҷумла гуфт:

“Вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст. Тибқи таҳлилу пешгӯиҳо чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома пайдо мекунад ва ҳатто шиддати бештар касб менамояд. Дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.”

Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон аз кишваре ном нагирифт, вале бисёриҳо ин суханони ӯро ба вазъи ҳарбию сиёсии пешомада дар Афғонистон, ки ахиран аз сӯи ҷангиёни ҳаракати Толибон тасарруф шуд, бастагӣ медиҳанд. Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳои дунёст, ки мавқеи зидди Толибонро пеш гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон қаблан гуфт, Душанбе дар Афғонистон ҳар гуна ҳукуматеро, ки дар он тоҷикҳои Афғонистон ҷойгоҳи шоиста надошта бошанд, нахоҳад пазируфт.

Тоҷикҳои Афғонистон муҳраи асосии Ҷабҳаи муқовимати миллианд, ки дар дараи Панҷшер таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд шакл гирифтааст. Толибон рӯзи сентябр иддао кард, ки Панҷшерро ишғол кардааст ва бо ҳамин “ҷанг дар Афғонистон хотима ёфт”. Вале Аҳмади Масъуд ҳамаро ба қиёми мардумӣ ба зидди Толибон даъват кард ва гуфт, муқовимат шикаст нахӯрдааст ва ӯ ба муборизааш идома медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button