ИқтисодМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 2,8 ТОННА ГЕЛОСУ ҒӮЛИНГУ ЧУКРӢ ВА МАҲСУЛОТИ ДИГАР АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР САРАТОВ

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самара хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Гагарини шаҳри Саратов аз рӯзи 19 май (рӯзи оғози парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳ) то 31 август 1104 ҳолати кӯшиши ба қаламрави Саратов ворид кардани маҳсулоти таҳти карантинро пешгирӣ ва аз мусофироне, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон меомаданд, дар маҷмӯъ беш аз 2,8 тонна маҳсулотро мусодира кардаанд. Ин маҳсулоти мусодирашуда аз ҷумла гелос, зардолу, лимӯ, чукрӣ, ғӯлинги донадору бедона, писта, бодом, арахис, донаи зардолу ва чормағзро дар бар мегирифт.

Росселхознадзор гуфт, ҳанӯз 16 апрели соли 2012 ин идора воридоти бархе маҳсулоти  ғизоӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро маҳдуд кардааст ва аз 5 марти соли 2019 ворид кардани танҳо то 5 кило меваву сабзавот ва меваи хушкро аз Ӯзбекистон иҷозат додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳамаи 2,8 тонна маҳсулоти аз мусофирони тоҷику ӯзбек мусодирашударо дар Саратов нобуд кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button