АфғонистонВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ҶАНГИЁНИ ТОЛИБОН ОРОМГОҲИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУДРО ДАР ПАНҶШЕР ХАРОБ КАРДААНД (ВИДЕО)

Тоҷуддин Сурӯш, хабарнигоре, ки таҳаввулоти Панҷшерро барои шабакаи “Иран Интенешнал” пайгирӣ мекунад, рӯзи 7 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер  бо нашри як акс хабар дод, ки ҷангиёни Толибон оромгоҳи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро дар дараи Панҷшер қисман хароб кардаанд.  Дар акс дида мешавад, ки қисме аз рӯи мазори Масъуд дар дохили оромгоҳаш ҳадафи вандализм қарор гирифтааст.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 6 сентябр дар пайи эълони хабари тасарруфи вилояти Панҷшер бо нашри як видео хабар доданд, ки дар атрофи оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд посбон гузоштаанд, то касе ба мазори ин фармондеҳи собиқи Эътилофи шимол осеб нарасонад.

Дар видеои кӯтоҳ як намояндаи Толибон бо забони пашту мегӯяд, ки “муҷоҳидин ҳифозати мазори Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯши худ гирифтанд, то касе ба он осеб нарасонад ва ин масъала асбоби таблиғоту пропаганда ба зидди Толибон нашавад.”

Толибон рӯзи 6 сентябр иддао кард, ки дараи Панҷшерро пурра ба даст овардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи ҳаракати Толибон бо нашри ин хабар эълон кард, ки “охирин пойгоҳи душманони зархарид суқут кард” ва бо ҳамин “ҷанг дар Афғонистон хотима ёфт”.

Аммо Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллиро созмон додааст, рӯзи 6 сентябр дар як паёми видеоӣ мардумро ба қиёми мардумии саросарӣ алайҳи Толибон даъват кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи шимол, ки 5 сол ба зидди режими қаблии Толибон ҷангид, 9 сентябри соли 2001 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Масъулияти он сӯиқасдро шабакаи Ал Қоида, яке аз муттафиқони Толибон ба уҳда гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button