АфғонистонВидеоНуқтаи назарСиёсат

АФҒОНИСТОНРО БА ДАСТИ ТЕРРОРИСТҲО НАСУПОРЕД! 10 ТАЛАБИ ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК АЗ РОҲБАРОНИ ДУНЁ

Журналисти тоҷики муқими Амрико Фирӯз Баротов дар як изҳорот ба унвони раҳбарони пурнуфузи дунё, аз ҷумла дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутереш, президенти Амрико Ҷо Байден, президенти Иттиҳоди Аврупо Урсула вон дер Леен ва маликаи Бритониё Елизаветаи 2  аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ якбора мардуми Афғонистонро ба дасти Толибон супурданд” ва дар натиҷа,  “ҳоло мардуми озодихоҳи Афғонистон дар рӯ ба рӯи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ дар чеҳраи созмони террористии Толибон, ки чанд рӯз пеш мушкили ҷаҳонӣ буд, танҳо мондаанд.”

Ба ақидаи журналисти тоҷик, агар ин усулҳои ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон арзише доранд, бояд мардуми Афғонистонро танҳо намонанд, то аз ҷониби Толибон маҳв нашаванд.

Фирӯз Баротов аз ин раҳбарони пурнуфузи дунё 10 хоҳиш, балки талаб кардааст:

  1. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Покистон талаб намояд, ки оҷилан аз кӯмак ва сарпарастии созмони террористии Толибон худдорӣ кунад ва аз қатли мардуми озодихоҳ ва ҳамла ба Панҷшер, ки ягона минтақаи забт ношуда аз ҷониби террористон аст даст кашад.
  2. Ҷомеаи ҷаҳонӣ муввазаф аст, ки аз гурӯҳҳои озодихоҳ, ки дар баробари гурӯҳи террористӣ ва даҳшатафкани Толибон ки ҳукуматро ғасб карданд, дар мубориза ҳастанд, пуштибонӣ кунад. Ҳукуматҳои ғарбӣ то ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд ва дар баробари ҳар хушунати онҳо аз таҳрим кор бигиранд. Ба ҳукумати фарогири миллӣ бояд тамоми миллатҳои сокини Афғонистон махсусан тоҷикон, ки беш аз 50 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шомил шаванд.

Шумо ҳамчун кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки зимоми ба кадом самт рафтани дунё дар дасти шумост, дар ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон масъулият доред.

  • Дар Афғонистон ҳукумати фарогир, ки дар он тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо ва ҳамаи аққалиятҳо намояндагӣ мекунанд, бояд ташкил шавад. Ба Нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшер қарор доранд, ҳамкорӣ намоед, то ин ки бо дастгирии  ҷомеаи байнулмилалӣ тавонанд, ба терроризми байнулмилалӣ ғолиб оянду як кишвари озоду ҳуқуқбунёд созанд.
  • Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, ки чун ҳомии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ арзёбӣ мешаванд, бояд дар роҳи мубориза бо Толибон, ДОИШ ва ғайра ақибнишинӣ накунанд ва ба кишварҳое, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунанд, таҳаммулпазир набошанд. Бахусус, Покистон, ки аз муассисону ҳомиёни деринаи Толибон аст ва то ҳол ба он кӯмак мекунад ва василае барои пешбурди сиёсатҳояш дар минтақа истифода мебарад.
  •  Кормандони Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх бояд ба сокинони Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон ки мардумаш дар гуруснагӣ мемонанд, ғизо, доруворӣ ва дигар кӯмакҳои башардӯстонаро расонанд.
  • Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳукумати ғосиби Афғонистонро, ки дар дасти террористон аст, таҳрим намояд.
  • Ҳамаи кишварҳое, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд, низ бояд таҳрим шаванд. Онҳо вазифадор шаванд, ки барои пешгирии иштироки шаҳрвандонашон дар ҷангҳои Толибон, чораҳои оҷилу қатъӣ андешанд.
  • Ашраф Ғанӣ ва атрофиёну ёваронаш бояд аз ҷониби кишварҳои Аврупо, Канада ва Амрико таҳрим шаванд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
  • Ҳисобҳои бонкии онҳоро масдуд намуда, онҳоро дар пайгарди байнулмилалӣ қарор диҳанд. Маблағҳои мусодирашудаи мардуми Афғонистон танҳо баъд аз ташкили ҳукумати фарогир, баргардонида шавад.
  •  Забони дарӣ ва ё форсӣ ҳамонтавр, ки дар Афғонистон забони давлатӣ ва муоширати тамоми мардум буд, бояд ҳамчунон пойбарҷо бошад.

Ин изҳороти Фирӯз Баротовро алакай даҳҳо нафар бознашр карда ва садҳо нафар зери он имзои худро гузоштаанд.

Фируз Баротов 

Ба Дабири Кулли СММ António Guterres

Ба Президенти ИМА Ҷо Байден

Ба Президенти Иттиҳоди Аврупо Урсула вон дер Леен

Ба Малика Бритонии Кабир Елизаветта II

Изҳорот

Мӯҳтарам ҷанобон ва хонумон, ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз Шумо ҳамчун кишварҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва масъули пешбурди равандҳои демократӣ дар ҷаҳон ин интизорро дорад, ки дар баробари сарнавишти мардуми Афғонистон бепарво набошед ва ин мардумро дар баробари зулму истибдоди гурӯҳи террористии Толибон танҳо намегузоред.

Шумо масъул ва ӯҳдадори ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ҳастед. Зеро тайи 20 соли мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Амрико амалӣ мешуд, мардуми Афғонистон ба демократия ба матбуоти озод одат карданд, ҳузури занҳо дар сиёсат ва дигар бахшҳои ҷомеъа назаррас шуд, мардум ингуна ҷомеаро дӯст доштанд. Аммо ҳоло мушоҳида мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ якбора мардуми Афғонистонро ба дасти Толибон супурданд. Ин шабу рӯз ваҳшатҳоеро, ки дар Кобул мегузаранд, бе ашки чашм тамошо карда намешавад ва далерии он занҳое, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои озодии худ эътироз мекунанд, боиси ситоиш аст. 

Ҳоло мардуми озодихоҳи Афғонистон дар рӯ ба рӯи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ дар чеҳраи созмони террористии Толибон, ки чанд рӯз пеш мушкили ҷаҳонӣ буд, танҳо мондаанд.  

Созмони террористии Толибон дар тӯли ин солҳо бо ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди башарият, террору қатлу куштор, бомбгузориву ҳамлаҳои беохир боиси марги ҳазорон мардуми осоишта ва бегуноҳ шудаанд. Ин созмон зиндагии садҳо ҳазор нафарро шикаста, кӯдаконро ятиму занонро шиканҷа кардааст.  Доир ба ҷиноятҳои созмони террористии Толибон мисол намеорем, чун дар бораи онҳо ҳукуматҳои Шумо борҳо гузоришҳо пахш кардаанд. Ин гурӯҳ бар зидди нерӯҳои байналмилалӣ мубориза бурд ва ҳазорҳо нафар мардуми осоишта, афсари амрико ва хориҷиро қатл кард. Баъд аз ин чӣ тавр мешавад ба ҳуқуқи инсон бовар кард?!

Агар ин усулҳои ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон арзише доранд, бояд мардуми Афғонистонро танҳо намонанд, то аз ҷониби Толибон маҳв нашаванд. Имрӯз боиси таассуф аст, ки бо тарки Афғонистон кардани артиши Амрико, ин созмони террористӣ бидуни набард кишварро забт кард. Дар бораи хиёнату ҳамкориҳои президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ бо Толибон, бо мурури вақт огоҳ хоҳем шуд, аммо ҳоло ҷони мардуми озодихоҳ ва арзишҳои волои онҳо дар хатар аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои абарқудрате, ки то имрӯз бо терроризм мубориза мебурданд, ҳоло ба якборагӣ худро канор мекашанд. Масъулияти мубориза бо террористони Толиб акнун гӯё вазифаи танҳо мардуми дараи Панҷшер аст. Толибон ин шабу рӯз ба ин ягона ҷое, ки фурӯхта нашуда хоку ватани худро аз ҷинояткорони зархарид ҳимоя мекунанд, ҳамла мекунанд. Толибон тамоми лавозимоти ҷангии Афғонистонро, ки тайи ин муддат аз кишварҳои зиёде кӯмак гирифт, дар ихтиёр доранд ва онро барои террору тарс ва куштори мардуми осоишта истифода мебаранд. Аслиҳаи ба даст овардаи онҳо табиист, ки барои набард бо як вилояти таҳти муҳосира хатари ҷиддӣ дорад. Тамошо карда нишастан, ки кай аққалиятҳои миллии Афғонистон ки аксарашонро тоҷикон, узбекон ва ҳазораву дигарҳо ташкил медиҳанд, аз ҷониби Толибон қатли омм мешаванд, беинсофист. Аз ин рӯ мо аз Шумо хоҳиш ва талаб менамоем:

  1. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Покистон талаб намояд, ки оҷилан аз кӯмак ва сарпарастии созмони террористии Толибон худдорӣ кунад ва аз қатли мардуми озодихоҳ ва ҳамла ба Панҷшер, ки ягона минтақаи забт ношуда аз ҷониби террористон аст даст кашад.
  2. Ҷомеаи ҷаҳонӣ муввазаф аст, ки аз гурӯҳҳои озодихоҳ, ки дар баробари гурӯҳи террористӣ ва даҳшатафкани Толибон ки ҳукуматро ғасб карданд, дар мубориза ҳастанд, пуштибонӣ кунад. Ҳукуматҳои ғарбӣ то ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд ва дар баробари ҳар хушунати онҳо аз таҳрим кор бигиранд. Ба ҳукумати фарогири миллӣ бояд тамоми миллатҳои сокини Афғонистон махсусан тоҷикон, ки беш аз 50 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шомил шаванд.

Шумо ҳамчун кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки зимоми ба кадом самт рафтани дунё дар дасти шумост, дар ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон масъулият доред.

  • Дар Афғонистон ҳукумати фарогир, ки дар он тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо ва ҳамаи аққалиятҳо намояндагӣ мекунанд, бояд ташкил шавад. Ба Нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшер қарор доранд, ҳамкорӣ намоед, то ин ки бо дастгирии  ҷомеаи байнулмилалӣ тавонанд, ба терроризми байнулмилалӣ ғолиб оянду як кишвари озоду ҳуқуқбунёд созанд.
  • Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, ки чун ҳомии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ арзёбӣ мешаванд, бояд дар роҳи мубориза бо Толибон, ДОИШ ва ғайра ақибнишинӣ накунанд ва ба кишварҳое, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунанд, таҳаммулпазир набошанд. Бахусус, Покистон, ки аз муассисону ҳомиёни деринаи Толибон аст ва то ҳол ба он кӯмак мекунад ва василае барои пешбурди сиёсатҳояш дар минтақа истифода мебарад.
  •  Кормандони Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх бояд ба сокинони Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон ки мардумаш дар гуруснагӣ мемонанд, ғизо, доруворӣ ва дигар кӯмакҳои башардӯстонаро расонанд.
  • Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳукумати ғосиби Афғонистонро, ки дар дасти террористон аст, таҳрим намояд.
  • Ҳамаи кишварҳое, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд, низ бояд таҳрим шаванд. Онҳо вазифадор шаванд, ки барои пешгирии иштироки шаҳрвандонашон дар ҷангҳои Толибон, чораҳои оҷилу қатъӣ андешанд.
  • Ашраф Ғанӣ ва атрофиёну ёваронаш бояд аз ҷониби кишварҳои Аврупо, Канада ва Амрико таҳрим шаванд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
  • Ҳисобҳои бонкии онҳоро масдуд намуда, онҳоро дар пайгарди байнулмилалӣ қарор диҳанд. Маблағҳои мусодирашудаи мардуми Афғонистон танҳо баъд аз ташкили ҳукумати фарогир, баргардонида шавад.
  •  Забони дарӣ ва ё форсӣ ҳамонтавр, ки дар Афғонистон забони давлатӣ ва муоширати тамоми мардум буд, бояд ҳамчунон пойбарҷо бошад.

Баъзе аз абарқудратҳо, ки бо сиёсати Амрикову кишварҳои Аврупо дар мухолифат буданд, бо дастгирии ҳукумати террористии Толибон, мехоҳанд, аз рақибони худ ниқор гиранд. Аммо дар ин бозӣ зиндагии инсонҳо ва тақдири садҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистон қурбон мешавад.

Матбуоти кишварҳое мисли Покистон ва Русия кӯшиш мекунанд, Толибонро муоссиру мудерн нишон диҳанд, ки гӯе онҳо тағйир кардаанд ва воқеъият ва бархӯрду амалкарди онҳо нишон медиҳад, ки онҳо ҳамон ҷиноятпешаҳои қаблианд.

Сиёсати онҳо тавре мебинем, боз аз таҳсил дур кардани духтарону ҷавонон, аз байн бурдани фарҳангу маданият, таърих ва арзишҳои умумибашарӣ аст. Бо ғасби Афғонистон боиси таассуф аст, агар ҷаҳон ҷиноятҳои мудҳиши созмони террористии Толибонро фаромӯш созад ва мубориза бо онҳоро умури дохилии як кишвар донад.

ПАЁМАД

Агар кишварҳои пешрафтаи дунё ҳукумати Толибонро эътироф кунанд ҳеч шубҳае вуҷуд надорад, ки тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон аз ин баъд зери чатри Толибон дар Афгонистон ҷамъ шаванд ва яке аз далелҳои барҷастааш истиқболи гарм аз яке дастёрони Усома бен Лодан аст, ки чанде пеш Толибон ӯро ба Афғонистон роҳ доданду бо ифтихор пешвозаш гирифтанд. Ин таҳдид танҳо ба Осиёи Марказӣ нест, балки ба тамоми ҷаҳон аст . Агар Шумо Толибонро эътироф мекунед, пас Шумо масъули ин паёмадҳо хоҳед буд. Эътирофи ҳукумати Толибон, Афғонистонро ба як маркази гурӯҳҳои террористӣ мубаддал мекунад ва ин созмонҳои ҷинояткор дар онҷо барои худ “биҳишт” месозанд.

Паёмади соҳибдавлат кардани террористҳо барои ҳама давлатҳои ҷаҳон сангин хоҳад буд.

Чаро аз мардуми озодихоҳ дар чеҳраи Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер бояд дастгирӣ кард?

Чунки онҳо ҷонибдори бунёди як давлати озоду гуногунандеш буда, ба ҳуқуқи занҳо, кӯдакон ва инсон арҷ мегузоранд. Дидгоҳи онҳо мудерн ва ба замони имрӯз муносиб аст. Онҳо фарҳанг, маданият ва маорифро қатл намекунанд.

Барои ин тасмим аҳли ҷомеъаи ҷаҳонӣ фурсати хеле кам дорад.

Ба умеди сулҳу ободӣ дар саросари ҷаҳон ва доштани зиндагӣ бидуни терроризм,

Фирӯз Баротов, журналист ва коршиноси ВАО, Ню Йорк

(ҳар хоҳишманд метавонад имзои худро бо ному насаб ва вазифаву ҷойи зисташ илова кунад)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button