ВидеоМуҳоҷирон

КОРМАНДИ МАСТИ МЧС РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ТИРБОРОН КАРД: ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК КУШТА ШУД, ДУЮМАШ – ЗАХМӢ

Шаби 7 сентябр дар шаҳри Старий Осколи вилояти Белгороди Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон дар назди хобгоҳашон барои онки бо садои баланд ба тоҷикӣ суҳбат мекарданд, ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд. Дар натиҷа як ҷавони тоҷики соли таваллудаш 2001 дар ҷои ҳодиса кушта шуда, рафиқи боз ҳам ҷавонтари ӯ, соли таваллудаш 2001 аз китфаш тир хӯрдааст. Бо иттиҳоми ин куштор як сокини Старий Оскол, соли таваллудаш 1985 дастгир шудааст. Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки ӯ корманди МЧС  буда, дар ҳолати мастӣ муҳоҷирони тоҷикро тирборон кардааст. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштори боз як нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Кафили мақоми волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабари тирпарронии марговар дар Старий Осколро тасдиқ кард ва гуфт, қотил маст будааст.

 «Аз Старий Оскол имрӯз хабари бад омад: машрубот, муноқиша, камонкашӣ… Дар натиҷа як инсон кушта шуда, якеи дигар захмӣ шудааст. Ба ҳаёти ҷабрдида ҳоло хатаре вуҷуд надорад, кумак расонда истодаем. Боварӣ дорам, ки ҳама чиро ҳаллу фасл хоҳанд кард, вазъиятро таҳти назорат дорам. Худатонро эҳтиёт кунед!” – навиштааст кафили волии Белгород.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаби 7 сентябр дар як парковка дар маҳаллаи Рождественскийи шаҳри Старий Оскол, дар назди калисои Мавлуди Исои Масеҳ, байни як сокини маҳаллии 36-сола, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ва роҳгузарони тасодуфӣ ба сабаби баланд гап задани онҳо ҷанҷол шудааст. Дар авҷи муноқиша гумонбаршаванда аз мошинаш камони шикориро гирифта, тарафи дигари муноқишаро тирборон кардааст. Дар натиҷа яке аз онҳо аз китфаш тир хӯрда, дуюмӣ ҷон бохтааст. Ҷавони захмиро, ки 23  сол дорад, бистарӣ кардаанд.

Тирандоз аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале мақомоти пулис ӯро баъди чанд соат дастгир карданд.

Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки дар назди калисо кормандони МЧС бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки дар як хобгоҳ дар он маҳалла зиндагӣ мекарданд, муноқиша кардаанд ва як корманди масти МЧС аз мошинаш  камони навъи “Сайга” (камони шикорие,ки дар заминаи автомати Калашников сохта шудааст) берун кашида, муҳоҷиронро тирборон кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button