ТИРПАРРОНИИ БАЙНИ ОДАМОНИ ТОЛИБ ВА САЛАМ ДАР ХОРУҒ
Нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр, байни соатҳои 15:00-15:30, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар саҳни ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оғохон тиррпарронӣ рӯё додааст. Дар ин тирпарронӣ ду нафар – Салам Имумназаров, писари яке лидерҳои собиқи Бадахшон Имумназар Имумназаров, ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахонов захмӣ шудаанд. Радиои Озодӣ аз қавли чанд манбааш хабар дод, ки тирандозӣ байни тарафдорони Толиб Аёмбеков ва Салам Имумназаров сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳарду захмиро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ кардаанд.
Ин тирпарронӣ дар пайи занозании шаби гузашта байни нафарони Толиб ва Салам дар тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло” аст, ки дар он занозанӣ Толиб Аёмбековро бо санг ё хишт ба сараш заданд ва ӯро аз тарабхона ба бемористон бурданд.
Яке аз наздикони Толиб ба “Бомдод” гуфт, вақте дар беморхона намояндагони мақомот пайдо шуданд, Аёмбековро аз беморхона ба хонааш бурданд ва онҷо таҳти муроқабати табибони махсус даъватшуда қарор доданд. Аммо Тағойбек Ғозибеков, сардухтури Бемористони марказии Хоруғ, ба Озод гуфтааст, соати 11-и шаби 5 сентябр Толиб Айёмбековро ба ин беморхона оварданд, вале “Айёмбеков захми ҷиддӣ надошт ва танҳо сараш каме осеб дида, харошида буд. Ягон ёрии таъҷилӣ лозим набуд, баъд ӯро гирифта бурданд”.
“Бомдод” қаблан хабар дод, ки Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 5 сентябр дар ҷараёни як занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст ва дар ҳолати вазнин қарор дорад. Тарабхонаи “Марко Поло” дар шафати хонаи Аёмбеков дар маҳаллаи “Хлебзавод” ҷойгир шудааст.
Ин хабарро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ин қазия, аз ҷумла як шоҳиди ҳодиса дар тарабхона ва яке аз наздикони Толиб Аёмбеков тасдиқ карданд. . Аммо ин манобеъ хабарҳои нашршуда дар бораи аз захми корд кушта шудани Аёмбековро рад мекунанд ва мегӯянд, ки касе дар он занозанӣ захми корд нахӯрдааст ва Аёмбеков дар хонааш дар ҳолати вазнин таҳти табобат қарор дорад.
Ба гуфтаи манбаи аввали “Бомдод”, шаби 5 сентябр дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров, як лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон аст, ки моҳи августи соли 2012 дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ ба таври мармуз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар манзилаш кушта шуда буд.
Манбаи дуюми наздик ба атрофиёни Толиб Аёмбеков гуфт, муноқиша аз як баҳси лафзӣ байни Аёмбеков ва Салам, писари Имумназар Имумназаров сар шуд ва ба занозании гуруҳӣ печид. Дар ҷараёни ин занозанӣ касе ба сари Толиб Аёмбеков аз қафо бо хишт зарбаи шадид задааст.
Аёмбековро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд, вале дар пайи дар бемористон пайдо шудани нафарони мақомот ӯро аз онҷо ба хонааш оварданд ва ҳоло дар хонаи худаш таҳти муроқибати духтурони махсус барои табобати Толиб Аёмбеков даъватшуда қарор доштааст.
Толиб Аёмбеков яке аз лидерҳои зиддунақизи Хоруғ ба шумор меравад. Ӯ бародари хурдии Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаи Лёша Горбун, як фармондеҳи аршади нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки баъди кушта шудани Лёша Горбун роҳбарии маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти вай гузашт.
Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.
Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.