ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ САРАЗМ АЗ РАШК ЗАНИ ҶАВОНАШРО БО РӮЙМОЛ БУҒӢ КАРДА КУШТА, СИПАС МУРДААШРО БА ДОР ОВЕХТААСТ…

Марди 28-солаи қаблан ҳам судшуда аз ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ба он айбдор мешавад, ки шоми 3 сентябр, тахминан соати 18:00, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби рашк бо ҳамсари ҷавони 22-солааш муноқиша карда, бо рӯймоли занона гулӯи ӯро буғӣ карда, куштааст. Ӯ сипас бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар оғилхона ба дор овехта, одамкушиашро ҳамчун худкушӣ вонамуд кардааст. Ба зидди ин сокини Саразм бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Буғӣ карда ба ҳалокат расонидани ҳамсар дар заминаи рашк

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 1 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби рашк бо ҳамсараш, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо истифода аз рӯймоли занона гулӯи охиронро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Баъдан, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар болои оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба дор овехта, ҳолати мазкурро ҳамчун худкушӣ вонамуд карда, оид ба ин ҳодиса волидайн ва дигар шахсонро хабардор кардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 20-сола бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 31-уми август ба 1-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди деҳаи Армуғони ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо истифодаи зӯроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо санг ба пешонаи ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорон зада, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар ҳудуди ҳамин ноҳия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Порше Кайен” соли бароришаш 2008-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин номбурда бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ҳундай-Соната», соли бароришаш 2010-ро гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои ба даст овардаашро барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button