ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҶомеа

САЛАМ ВА МАНСУРРО ДАР ХОРУҒ ПИСАРИ ТОЛИБ АЁМБЕКОВ ПАРРОНДААСТ

Як манбаи огоҳ аз ҳодисаи тирпарронии Хоруғ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Салам Имумназаров, писари яке лидерҳои собиқи Бадахшон Имумназар Имумназаров, ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахоновро дар саҳни ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оғохон дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) писари Толиб Аёмбеков паррондааст. Аёмбековро рӯзи 6 сентябр барои идомаи табобат ба Маркази тиббии Бунёди Оғохон оварда буданд.

 Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, Салам Имумназаров ва Мансур Ҷумъахонов ба инҷо омадаанд, то аз аҳволи Толиб Аёмбеков хабар бигиранд ва ягон роҳи оштиро дар пайи занозании шаби гузашта пайдо кунанд. Вале баробари ворид шудани онҳо ба саҳни бемористон писари Толиб Аёмбеков аз туфангча ба тарафи онҳо тир кушодааст.

Нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр, байни соатҳои 15:00-15:30, дар саҳни ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оғохон тиррпарронӣ рӯй дод. Дар ин тирпарронӣ ду нафар – Салам Имумназаров, писари яке лидерҳои собиқи Бадахшон Имумназар Имумназаров, ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахонов захмӣ шуданд. Ҳардуро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ кардаанд. Манбаи “Бомдод” вазъи саломатии онҳоро вазнин мегӯяд.

Тирпарронии рӯзи 6 сентябр дар пайи занозании шаби гузашта байни тарафдорони Толиб ва Салам дар тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло” буд, ки дар он занозанӣ Толиб Аёмбековро бо санг ё хишт ба сараш заданд ва ӯро аз тарабхона ба бемористон бурданд. Тарабхонаи “Марко Поло” дар шафати хонаи Аёмбеков дар маҳаллаи “Хлебзавод” ҷойгир шудааст.

Яке аз наздикони Толиб ба “Бомдод” гуфт, вақте дар беморхона намояндагони мақомот пайдо шуданд, Аёмбековро аз беморхона ба хонааш бурданд ва онҷо таҳти муроқабати табибони махсус даъватшуда қарор доданд. Аммо Тағойбек Ғозибеков, сардухтури Бемористони марказии Хоруғ, ба Озод гуфтааст, соати 11-и шаби 5 сентябр Толиб Айёмбековро ба ин беморхона оварданд, вале “Айёмбеков захми ҷиддӣ надошт ва танҳо сараш каме осеб дида, харошида буд. Ягон ёрии таъҷилӣ лозим набуд, баъд ӯро гирифта бурданд”.
Шаби гузашта овозаҳое ҳам пайдо шуда буд, ки гӯё Аёмбеков кушта шуда бошад.

Шаби 5 сентябр дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров, як лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон аст, ки моҳи августи соли 2012 дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар манзилаш кушта шуда буд.

Толиб Аёмбеков бародари хурдии Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаи Лёша Горбун, як фармондеҳи аршади нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки баъди кушта шудани Лёша Горбун роҳбарии маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти вай гузашт.

Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.

Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button