АфғонистонДин ва боварҳоЧеҳраҳо

МАСЪУД, ТУ КУҶОӢ? ТОЛИБОН ОРОМГОҲИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУДРО НИЗ ТАСАРРУФ КАРДААНД (ВИДЕО)

Ҷангиёни Толибон дар пайи эълони хабари тасарруфи вилояти Панҷшер бо нашри як видео хабар доданд, ки дар атрофи оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд посбон гузоштаанд, то касе ба мазори ин фармондеҳи собиқи Эътилофи шимол осеб нарасонад.

Дар видеои кӯтоҳ як намояндаи Толибон бо забони пашту мегӯяд, ки “муҷоҳидин ҳифозати мазори Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯши худ гирифтанд, то касе ба он осеб нарасонад.”

Толибон рӯзи 6 сентябр иддао кард, ки дараи Панҷшерро пурра ба даст овардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи ҳаракати Толибон бо нашри ин хабар эълон кард, ки “охирин пойгоҳи душманони зархарид суқут кард” ва бо ҳамин “ҷанг дар Афғонистон хотима ёфт”.

Аммо Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллиро созмон додааст, рӯзи 6 сентябр дар як паёми видеоӣ мардумро ба қиёми мардумии саросарӣ алайҳи Толибон даъват кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи шимол, ки 5 сол ба зидди режими қаблии Толибон ҷангид, 9 сентябри соли 2001 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Масъулияти он сӯиқасдро шабакаи Ал Қоида, яке аз муттафиқони Толибон ба уҳда гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button