КУШТА ШУДАНИ СУХАНГӮ ВА ПИСАРАММАИ АҲМАДИ МАСЪУД ДАР ЯК ҲАМЛА ДАР ПАНҶШЕР

Шоми 5 сентябр дар як ҳамлаи ғофилгир дар Панҷшер Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва генерал Абдулвадуд Зарра, писараммаи Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат кушта шуданд. Бино ба иттилои расида, онҳо дар деҳаи Баҳорак, маркази вилояти Панҷшер замоне ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки баъди адои намоз аз хонаи Фаҳими Даштӣ берун мерафтанд.
Хабарнигори тоҷик Нилуфари Азиз аз қавли манбааш хабар дод, ки дар соати ҳамла Аҳмади Масъуд низ дар канори Фаҳими Даштӣ ва Абдулвадуди Зарра будааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосӣ Аҳмади Масъуд будааст, вале ӯ ҷон ба саломат бурдааст.
Манобеъ аз Панҷшер мегӯянд, шаби гузашта манзили Амруллоҳи Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон низ дар Панҷшер ду дафъа ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст, вале ӯ осеб надидааст, чунки ба далелҳои амниятӣ сарпаноҳашро иваз карда буд.
Фаҳими Даштӣ манбае буд, ки охирин ахбор аз сангарҳои Панҷшерро расонаӣ мекард. Ӯ дар сӯиқасди 20 соли пеш ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд ҷон ба саломат бурд, вале ин бор наҷот наёфт.
Абдулвадуд Зарра писари хоҳари калонии Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки дар канори тағояш дар сангарҳои ҷиҳодӣ ба воя расид.
Дар бораи чӣ гуна кушта шудани Даштӣ ва Зарра фарзияҳо мухталифанд. Аз маҳалли задухӯрдҳо бо Толибон дур будани маҳалли ҳамла фарзияи ҳамлаи ҳавоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро қавитар мекунад.
Ҳаракати Толибон, ки дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистонро бо шумули ҳамаи шаҳрҳои бузург ва пойтахташ, шаҳри Кобул тасарруф кунад, як ҳафтаи охир тамоми нирӯяшро ба тасарруфи вилояти Панҷшер, танҳо вилояте, ки хориҷ аз назорати Толибон боқӣ мондааст, сафарбар кардааст. Дар Панҷшер бо роҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст, ки аз Толибон ташкили як ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандиро талаб дорад. Ду чеҳраи аршади Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоле кушта шуданд, ки Аҳмади Масъуд рӯзи 5 сентябр дар мулоқот бо фармондеҳони ин ҷабҳа бо итминон гуфт, ки то 9 сентябр Кобулро аз Толибон пас хоҳанд гирифт.