КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН: ҲОЛАТҲОИ СИРОЯТ АЗ ШИФОЁБӢ БЕШТАР ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 5 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 20 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, ягон ҳолати марг аз пандемия ошкор нашудааст. Аз поёни моҳи июл, дар тақрибан 40 рӯзи охир ин бори аввал аст, ки шумори расмии ҳолатҳои нави сироят ба коронавирус назар ба шумораи беморони аз ин вирус шифоёфта дар Тоҷикистон бештар нишон дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 5 сентябр дар кишвар 16 984 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 849 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.
Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки то шоми 5 сенябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 11 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Ин ҳатто камтар аз 20 нафарест, ки ба коронавирус сироят шудани онҳо тоза рӯзи 5 сентябр ошкор шудааст.
Вазорат шарҳ надодааст, ки нисфи ин сироятшудаҳо чӣ гуна тавонистанд дар байни ҳамагӣ чанд соат шифо биёбанд?