АфғонистонВидеоЧеҳраҳо

“ХОҲАРЗОДАЕ, КИ МАСЪУД ГУФТ, НА ТАҒО”: ФАҲИМИ ДАШТӢ КӢ БУД?

Дар яке аз тамосҳо аз ӯ дар бораи сарнавишти ҷанги Панҷшер суол шуд. Вай гуфт, пирӯзии мо муъҷиза хоҳад буд, аммо шонси хеле кам дорем.

“Агар ҳам шикаст хӯрдему мурдем, ривояти муқовимати мо боқӣ мемонад. Ин ҳарфи Омир Соҳиб Масъуд аст”, – гуфт ӯ.

Аммо ҳеҷ касе пайдо нашуд, ки гӯяд, ин ҳарфи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони зиндагии Фаҳими Даштӣ буд. Ӯ ҳам мисли Масъуд дар 48 – солагӣ ва дар моҳи сунбула, чаҳор рӯз қабл аз санаи марги Масъуд дар 20 соли пеш ба шаҳодат расид.

“Хоҳарзодае, ки Масъуд гуфт, на тағо”: Фаҳими Даштӣ кӣ буд? – ба ривояти худаш

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, замоне саҳнаи зиндагиро тарк кард, ки дар айни шуҳрати худ қарор дошт

ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik, Фахриддини Холбек. Ӯ аз афроде буд, ки 9 сентябри соли 2001, ҳангоми ҳамлаи интиҳорӣ ба Аҳмадшоҳи Масъуд, аз саҳна бо ҷароҳатҳои вазнин ҷон ба саломат бурд. Аммо сарнавишт ӯро боз ба як ҳамлаи террористӣ дучор кард, ки ба зиндагии ӯ хотима бахшид.

Фаҳими Даштӣ 11 июли соли равон дар як суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд ва хиёнати пайравонаш ба улгуҳои ӯ аз сиёсат комилан канор рафта, фақат як нуреро дар ақиби нақби торики Афғонистон медид, он ҳам писари ӯ – Аҳмади Масъуд буд.

Вақте ӯро дар замони наврасиаш медидам, бархе ҳаракоташ ба Омир Соҳиб (лақаби Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни ҳаводоронаш) монанд буд ва дилам барои қаҳрамони зиндагиям гум мезад. Ҳамон замон бо худ аҳд кардам, ки агар ҳамин бача як рӯз одам шавад ва майли сиёсат кунад, дар канори ӯ қарор хоҳам гирифт”, – гуфт Даштӣ.

Фаҳими Даштӣ хоҳарзодаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сиёсатмадори маъруфи Афғонистон аст, ки ду бор дар интихоботҳои раёсатиҷумҳурии Афғонистон номзад ва то омадани “Толибон” ба Кобул раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон буд.

Даштӣ ҳеҷ гоҳ ба ин хешованди маъруфаш наздик нашуд. Аз ӯ ҳатто дар суҳбатҳояш зикр намекард. Абдуллоҳ барояш, ҳадди ақал дар маърази ом, аслан вуҷуд надошт. Ин ки дар доираи хонавода чӣ робитае доштанд, суоле набуд, ки аз ӯ мешуд пурсид. Зоҳиран, зикри номи Абдуллоҳ барояш озордиҳанда буд.

Муҳаммад Фаҳими Даштӣ моҳи январи соли 1973, ба қавли худаш, “дар як зимистони пур аз барфу сард” дар хонаводаи генерал Қосим, як равшанфикр ва мутахассиси роҳсозӣ дар қарияи Даштаки вилояти Панҷшер дида ба ҷаҳон кушод. Мактабро дар лисаи “Истиқлол” – и Кобул хатм карда, дар соли 1990 ба факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дохил шуд.

Фармони Раббонӣ

Соли 1992 дар Кобул ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ба қудрат расид. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, як нашрияеро ба номи “Ҳафтаномаи Кобул” бунёд гузошт ва Раззоқи Маъмун, рӯзноманигори маъруфро сармуҳаррири он таъйин кард. Даштӣ ба унвони хабарнигор дар ин ҳафтанома фаъолияти рӯзноманигориашро шуруъ намуд.

Зимистони соли 1995 ҳафтаномаи “Кобул” нашри гузоришҳое дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии сафири вақти Афғонистон дар Деҳлии ҷадидро ба роҳ монд. Ман яке аз нависандагони ин гузоришҳо будам. Аммо ин гузоришҳо ба Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури вақт, хуш наомаданд ва ӯ фармон дод, ҳафтаномаро банданд”, – ба ёд меовард Даштӣ.

Талошҳо барои бозгушоии ҳафтаномаи “Кобул” натиҷа надод, аммо Аҳмадшоҳ Масъуд мувофиқат кард, ки нашрияи дигаре бо ҳамин мӯҳтаво, вале бо номи дигар, ба роҳ андохта шавад. Ҳафтаномаи ҷадид “Болоҳисор” ном гирифт ва Даштӣ то суқути Кобул ба дасти “Толибон” дар сентябри соли 1996 муовини сармуҳаррири он буд.

“Он замон намефаҳмидам, ки чаро Омир Соҳиб бо он қудрату шуҳраташ ҷилави кори Устод Раббониро нагирифт. Баъдтар вақте бо ӯ бештар ошно шудам, дарк кардам, ки ӯ он замон эҳтироми устодро ба ҷо оварда буд, чун ба синну сол аз ӯ хеле хурд буд. Масъуд афроди бузургтар аз худро хеле эҳтиром мекард”, – гуфт Даштӣ.

Муқовимат бо камера

Замони муқовимати аввал (1996 – 2001) ӯ ба тими “Ориёнофилм” пайваст, ки аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд дар чавкоти Ҷабҳаи муқовимат фаъол шуда буд ва ба таҳияи филмҳои мустанаде дар мавриди авзоъи он манотиқи Афғонистон, ки зери контроли “Толибон” набуд, мепардохт.

Дар чаҳоруним соли кор бо “Ориёно филм” Даштӣ дар таҳия ва нашри ҳашт силсилафилми мустанаде ба номи “Муқовимат” саҳм гузошт, ки сафҳаҳои дурахшони муқовимати мардуми Афғонистон алайҳи “Толибон” ва терроризми байнулмилалиро вориди китоби таърих кардааст. Ин филми нодир ҳоло дар бойгонии Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд маҳфуз аст.

9 сентябри соли 2001, рӯзе, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид, Юсуф Ҷоннисор, ки мудири “Ориёнофилм” ва масъули сабти видеоии фаъолиятҳои Масъуд буд, дар Тоҷикистон ҳузур дошт. Сабти ҳамон суҳбати охирини Масъуд, ки барои Даштӣ сабти аввалин буд, ба дӯши ӯ афтод.

Хабари бадтарин

Даштӣ дар ҷараёни ҳамлаи интиҳорӣ бар ҷони раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҳамон утоқе, ки ҳодиса рух дод, машғули филмбардорӣ буд. Вай дар пайи инфиҷор ҷароҳатҳо ва сӯхтагии шадидеро мутаҳаммил шуд. Ӯро ба Душанбе ва баъдан бо ҳамкории созмони “Хабарнигорони бидуни марз” барои тадовӣ ба Фаронса интиқол доданд.

Қиссае, ки ҳамеша нақлаш ӯро ба гиря меовард, ин буд, ки Даштӣ пас аз ду ҳафта дар Душанбе аз забони бародараш Шуъайб хабари марги Масъудро шунид.

“Вақте ба ҳуш омада, ба хонаи иҷораи бародарам дар Душанбе интиқол ёфтам, аз ӯ пурсидам, ки вазъи Омир Соҳиб чӣ тур аст. Ӯ посух медод, хуб аст, бо “Толибон” меҷангад. Аммо рӯзе бародарам бо ман суҳбат мекарду дар бораи музейи Омир Соҳиб мегуфт. Ман дар ҳайрат афтодам. Гуфтам, “О бача, девона ҳастӣ магар? Куҷо дидӣ, ки барои одами зинда осорхона ҷӯр кунанд?” Шуъайб дам назад ва инони гиряро сар дод. Ин хабари бадтарин зиндагиам буд. Шунидан баробар беҳуш шудам”, – гуфт Даштӣ.

Ин дуруст замоне буд, ки нерӯҳои эътилофи ҷаҳонӣ ба ҳамкории ҷабҳаи муттаҳид “Толибон” – ро дар Кобул сарнагун карданд.

Баъд аз Масъуд

Даштӣ дар Фаронса тарҳи оғози дубораи кори ҳафтаномаи “Кобул” – ро рехт ва бо ҳамкории созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” ва созмони илмиву фарҳангии Созмони милали муттаҳид (ЮНЕСКО) будҷаи аввалияро ба даст овард. Ҳамин тавр, аз соли 2002 то баҳори 2011 Даштӣ мудирияти масъули “Ҳафтаномаи Кобул” – ро бар дӯш дошт, то ин ки касе майл ба сармоягузорӣ накард ва кораш қатъ шуд.

“Он замон “пайравон” – и Масъуд, назири маршал Қасими Фаҳим, Юнуси Қонунӣ, Бисмиллоҳхон ва дигарон аз сарватмандарин афроди Афғонистон маҳсуб мешуданд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо ҳозир нашуд барои бақои ин мероси Масъуд ҳатто пайсае хайр кунад”, – гуфт Даштӣ.

Вай соли 2013 нахустин ожонси аккосии хусусиро дар Афғонистон поягузорӣ кард, ки раёсати онро ҳам бар уҳда дошт, аммо то ду соли дигар, ба қавли худаш, корҳояш мазза накард. Як замон Даштӣ раиси иҷрои иттиҳодияи миллии журналистони Афғонистон низ буд.

Дар ин миён, ӯ як қатор китобҳоеро таҳти унвони “Лаҳзаи фоҷиа” (дар бораи террори Аҳмадшоҳи Масъуд), “Ёддоштҳои як хабарнигор”, “Дуру наздики Омир соҳиб” ва ғайраро ба нашр расонд. Яке аз охирин китобҳояш “Поёни бозӣ” буд.

Рӯзҳои ахир

Аз соли 2018, ки Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ба фаъолиятҳои сиёсӣ оғоз кард, Даштӣ раиси дастгоҳи дафтари сиёсии ӯ буд. Ин дафтар як соли ахир рӯи барномаи муқовимати дуввум дар ҳоли ба нокомӣ анҷомидани раванди сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” кор мекард.

Хабари суқути Кобул ба дасти “Толибон” дар 15 августи соли равонро Даштӣ дар Панҷшер шунид. Фардои он рӯз, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан ба кор шуруъ кард, ӯро сардори маркази матбуотии Ҷабҳа таъйин карданд.

6 рӯзи қабл аз маргаш Даштӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ сафҳаҳои Ҷабҳаи муқовиматро боз ва кори маркази матбуотии онро шуруъ кард, аммо ин кор дер накашид. Бегоҳии 2 сентябр “Толибон” барқу телефон ва интернети Панҷшерро қатъ карданд. Дигар касе ҳам садои Даштиро нашунид.

Дар яке аз тамосҳо бо Sputnik Тоҷикистон аз ӯ дар бораи сарнавишти ҷанги Панҷшер суол шуд. Вай гуфт, пирӯзии мо муъҷиза хоҳад буд, аммо шонси хеле кам дорем.

“Агар ҳам шикаст хӯрдему мурдем, ривояти муқовимати мо боқӣ мемонад. Ин ҳарфи Омир Соҳиб Масъуд аст”, – гуфт ӯ.

Аммо ҳеҷ касе пайдо нашуд, ки гӯяд, ин ҳарфи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони зиндагии Фаҳими Даштӣ буд. Ӯ ҳам мисли Масъуд дар 48 – солагӣ ва дар моҳи сунбула, чаҳор рӯз қабл аз санаи марги Масъуд дар 20 соли пеш ба шаҳодат расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button