ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ФАВРӢ! ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ БАДАХШОН ТОЛИБ АЁМБЕКОВ ДАР ЗАНОЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “МАРКО ПОЛО” ЗАХМӢ ШУДААСТ

Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 5 сентябр дар ҷараёни як занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст ва дар ҳолати вазнин қарор дорад. Тарабхонаи “Марко Поло” дар шафати хонаи Аёмбеков дар маҳаллаи “Хлебзавод” ҷойгир шудааст.

 Ин хабарро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ин қазия, аз ҷумла як шоҳиди ҳодиса дар тарабхона ва яке аз наздикони Толиб Аёмбеков  тасдиқ карданд. Аммо ин манобеъ хабарҳои нашршуда дар бораи аз захми корд кушта шудани Аёмбековро рад мекунанд ва мегӯянд, ки касе дар он занозанӣ захми корд нахӯрдааст ва Аёмбеков дар хонааш дар ҳолати вазнин таҳти табобат қарор дорад.

Ба гуфтаи манбаи аввали “Бомдод”, шаби 5 сентябр дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров, як лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон аст, ки моҳи августи соли 2012 дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ ба таври мармуз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар манзилаш кушта шуда буд.

Манбаи дуюми наздик ба атрофиёни Толиб Аёмбеков гуфт, муноқиша аз як баҳси лафзӣ байни Аёмбеков ва Салам, писари Имумназар Имумназаров сар шуд ва ба занозании гуруҳӣ печид. Дар ҷараёни ин занозанӣ касе ба сари Толиб Аёмбеков аз қафо бо хишт зарбаи шадид задааст.

Аёмбековро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд, вале дар пайи дар бемористон пайдо шудани нафарони мақомот ӯро аз онҷо ба хонааш оварданд ва ҳоло дар хонаи худаш таҳти муроқибати духтурони махсус барои табобати Толиб Аёмбеков даъватшуда қарор доштааст.

Толиб Аёмбеков яке аз лидерҳои зиддунақизи Хоруғ ба шумор меравад. Ӯ бародари хурдии Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаби Лёша Горбун, як фармондеҳи аршади нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки баъди кушта шудани Лёша Горбун роҳбарии маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти вай гузашт.

Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.

Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button