ДАЪВАТИ АҲМАД МАСЪУД БА ҚИЁМИ МАРДУМӢ ДАР АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 6 сентябр дар як баёнияи 8-дақиқагӣ бо як лаҳни пурэҳсос мардумро ба қиёми мардумӣ ба зидди Толибон даъват кард.
Аҳмад Масъуд гуфт, ҷангиёни Толибон шаби гузашта бар хилофи файсалаи уламои аршад, ки ба қатъи ҷанг даъват карда буданд, болои Панҷшер ҳамлаи густарда ба роҳ андохтанд, ки дар натиҷаи он мардуми зиёд, аз ҷумла чандин нафар аз хешовандони худи ӯ кушта шуданд.
Аҳмад Масъуд гуфт, ҳар шаҳрванди Афғонистон ҳар куҷое ки бошанд, ба ҳар шакле ки бошад, бархезанд, қиём кунанд ва садои эътирози худро баланд кунанд.
Ӯ ҳамзамон аз онҳое, ки гӯё ба хотири “ҷиҳод” ба саффи Толибон пайвастаанд, даъват кард, ки аз ин бештар худро муртакиби гуноҳ накунанд ва аз идомаи пуштибонии ин ҳаракати ифротӣ, ки ба гуфтаи Аҳмади Масъуд, Афғонистонро ба чоҳи ҷаҳолат ва ботлоқи пасуфтодагӣ мекашонад, канора бигиранд.
Аҳмад Масъуд гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба зудӣ сухангӯи навашро эълон мекунад ва ҳамчунон ба муборизаи худ идома хоҳад дод.
Ӯ ҷомиаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки аз ин фурсате, ки барои Толибон додаанд, ба зудӣ ангушти пушаймонӣ хоҳанд газид, вале мабодо ки пушаймониаш дер бишавад.
Паёми Аҳмади Масъуд дар ҳоле садо дод, ки ҳаракати Толибон иддао кард, ки дараи Панҷшерро пурра ба даст овардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи ҳаракати Толибон бо нашри ин хабар эълон кард, ки “ҷанг дар Афғонистон хотима ёфт”. Толибон рӯзи 6 сентябр видеоеро низ нашр кард, ки дар он лаҳзаи афрохтани парчами сафеди ин гуруҳ бар фарози дафтари волии вилояти Панҷшер дар деҳаи Порох сабт шудааст.
Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар пайи суқути Баҳорак, маркази вилояти Панҷшер ва дигар нуқоти асосии аҳолинишини ин минтақа ба дараҳои атроф ақиб нишастаанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд ҷангиёни Толибон дар манотиқи водии Панҷшер пешравӣ доштанд, вале қуллаҳои калидии ин дара ҳамчунон дар дасти нирӯҳои муқовимат боқӣ мондааст.