АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОЛИБОН: ПАНҶШЕРРО ГИРИФТЕМ, ҶАНГ ДАР АФҒОНИСТОН ТАМОМ ШУД. ПАНҶШЕРИҲО: МУБОРИЗАИ МО ДАВОМ ДОРАД (ВИДЕО)

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи ҳаракати Толибон рӯзи 6 сентябр эълон кард, ки ҷангиёни толиб дараи Панҷшерро пурра ба даст оварданд. “Ҷанг дар Афғонистон хотима ёфт”, – изҳор дошт намояндаи Толибон, ки Панҷшерро “охирин пойгоҳи душманони зархарид” номид, ки ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, қисмаш кушта шуданд ва қисми дигараш фирор карданд. Ӯ ваъда дод, ки толибҳо сокинони мулкии Панҷшерро таъқиб нахоҳанд кард.

Толибон рӯзи 6 сентябр видеоеро низ нашр кард, ки дар он лаҳзаи афрохтани парчами сафеди ин гуруҳ бар фарози дафтари волии вилояти Панҷшер сабт шудааст.

https://www.facebook.com/afintltv/videos/293302785937753/

Шабакаи телевизионии Al-Jazeera дар ҳамин ҳол, бо истинод ба як манбаъ дар маъмурияти собиқи президенти Афғонистон хабар дод, ки муовини аввали раисиҷумҳур Амруллоҳ Солеҳ, ки баъди суқути Кобул ва фирори президент Ашраф Ғанӣ ба Панҷшер паноҳ оварда, худро ба ҷои Ғанӣ раисиҷумҳур эълон карда буд, ба Тоҷикистон фирор кардааст. Ин шабака афзудааст, ки феълан дар куҷо будани Амруллоҳ Солеҳ  дақиқ нашудааст.

Аммо Панҷшерро тарк кардани Амруллоҳ Солеҳро манобеи баландпоя аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ таъйид мекунанд. Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Тоҷикистон хабар дод, ки Солеҳ алакай рӯзи 5 сентябр дар Душанбе буд.

Дар камтар аз як моҳи охир ин бори сеюм аст, ки хабари ба Тоҷикистон фирор кардани Амруллоҳ Солеҳ паҳн мешавад. Ду дафъаи аввал худи ӯ бо нашри паёмҳои видеоӣ фирорашро рад карда буд, вале ин дафъа то ҳол вокунише накардааст.

Қаблан хабар омада буд, ки хонаи Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшери шаби гузашта ду дафъа ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст, вале худи ӯ осеб надидааст, чунки ба далелҳои амниятӣ пештар манзилашро иваз карда, дар лаҳзаи ҳамалот дар он хона набудааст.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои Толибон дар мавриди тасарруфи комили дараи Панҷшерро рад мекунанд ва мегӯянд, ҷангиёни Толибон танҳо дар манотиқи водии Панҷшер пешравӣ доштаанд, вале қуллаҳои калидии ин дара ҳамчунон дар дасти нирӯҳои муқовимат боқӣ мондааст.

Интизор меравад, раҳбари муқовимат Аҳмад Масъуд ба зудӣ бо нашри як паём азмаш барои идомаи муборизаро баён кунад. Як рӯз қабл Аҳмад Масъуд дар як баёния хуруҷи ҷангиёни Толибон аз Панҷшер ва вулусволии Андароби вилояти Парвонро ҳамчун шарти идомаи музокирот  бо ин гуруҳ ном бурд. Вале Толибон ин шарти Масъудро напазируфт. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон гуфт, Масъуд ва тарафдоронаш фурсати гуфтугӯро аз даст доданд.

Аҳмад Масъуд рӯзи 5 сентябр дар як ҷаласа ба фармондеҳонаш итминони хотир дод, ки онҳо мунтазири кумакҳо аз Фаронсаву Тоҷикистон ҳастанд ва тавоне доранд, ки алакай то 9 сентябр ҳатто пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобулро аз дасти Толибон пас бигиранд. Аммо шоми 5 сентябр ду нафар аз ёрони наздики ӯ: писараммааш генерал Абдулвадуд Зарра ва сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат Фаҳими Даштӣ дар як ҳамла дар Баҳорак, маркази вилояти Панҷшер кушта шуданд.

Шаби гузашта бошад, Панҷшер ҳадафи ҳамлаҳои густардаи ҳавоиву заминӣ қарор гирифт ва дар натиҷа, вазъият дар ин охирин ҷабҳаи муқовимат ба зидди Толибон субҳи 6 сентябр ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button