АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОЛИБОН ХАБАРИ ИШҒОЛИ ПАНҶШЕРРО ПАС ГИРИФТ (ВИДЕО)

Ҳаракати Толибон дар пайи дар дараи Панҷшер гирд афтодани нирӯҳояш хабари қаблии худ дар бораи ишғоли ин охирин вилояти хориҷ аз назорати онҳоро пас гирифтааст ва дигар ба тасарруфи ин минтақаи саркаш исрор намеварзад.

Намояндаи Толибон Билол Каримӣ ҳанӯз шоми ҷумъа иддао карда буд, ки ҷангиёни толиб панҷ вулусволӣ аз ҳафт вулусволии вилояти Панҷшерро ишғол карданд ва акнун тамоми Афғонистон зери назорати онҳост. Хабари тасарруфи  5 вулусволии Панҷшер: Шутул, Оноба, Обшор, Хинҷ ва Париёнро тарафдорони Толибон дар Кобул тамоми шаби ҷумъа ба шанбе бо тиру мушакпарронӣ  ҷашн гирифтанд ва бино ба хабарҳо, дар ҷараёни тирпаррониҳову мушакандозиҳои онҳо дар пойтахти Афғонистон дастикам 17 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ ҳам шуданд.

Аммо намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, ки тавонистанд нирӯҳои Толибонро дар Оноба ва Париён ба дом биафтонанд. Бино ба нақли ин манобеъ, ба нирӯҳои Толибон имкон доданд, ки тақрибан бидуни ҷанг ба дарунтари дараи Панҷшер бираванд ва баъди гузаштани онҳо роҳҳоро аз ду тараф тарконда, ҳама роҳҳои бурунрафтро барои ҷангиён бастанд ва онҳоро дар муҳосира қарор додаанд. Ҷабҳаи муқовимат аз кушта шудани даҳҳо ҷангии толиб ва асорати то 500 нафари онҳо, аз ҷумла фармондеҳи “Қитъаи сурх”, як нерӯи вижа Толибон хабар медиҳанд.

Ҳамин тавр гуфта мешавад, ки шаби шанбе ба якшанбе дар минтақаҳои Ховок, Париён, Долонсанг, Сол ва Дарбанд байни нирӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат даргириҳои сангин рӯй додаанд.

Манбаи хабаргузории “Спутник” гуфт, дар ин даргириҳои шаби гузашта дар Панҷшер аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат ҳудуди 30 нафар кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шудаанд. Талафоти Толибонро ин манбаъ ба маротиб бештар мегӯяд.

Манбаъи дигари “Спутник” гуфтааст, ки мутаассифона, бархе аз панҷшериҳо бо Толибон дар ҳамлаи онҳо ба Панҷшер ҳамкорӣ кардаанд. Яке аз онҳо Ҳамиди Хуросонӣ аст, ки чанд рӯз қабл ба раҳбари Толибон байъат супурда, аз мардуми Панҷшер даъват карда буд, ки аморати исломиро бипазиранд ва ба муқовимат напайванданд.

Ба гуфтаи манбаи “Спутник”, Ҳамиди Хуросонӣ шаби гузашта корвони толибҳоро ба деҳаҳои Оноба ва Замонкӯри Панҷшер раҳнамоӣ кардааст.

“Вақте ин корвонҳо дар Долонсанг, минтақаи вурудии Дара, канори Дарбанду Шутул, аз рӯи нақша роҳ дода ва аз сӯи нерӯҳои муқовимат торумор шуданд, Хуросонӣ фирор кардааст ва хабаре аз ӯ нест”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз боздошти се нафари дигар – Мавлавӣ Фазлхудо, додситони собиқ, Мавлавӣ Убайдуллоҳ, мудир маорифи Париён, фармондеҳоне бо номҳои Муҳаммадуллоҳ ва Малик Додхудо хабар медиҳанд.

Як омили “Толибон” дар Панҷшер Ҳоҷӣ Гулбиддин аст, ки бо шӯрои “Толибон” қаробат дорад ва ҳамеша дар Пешовар зиндагӣ мекард. Амнияти миллии собиқ ҳукумат ин дастаро медонист, аммо барои дастгириашон коре намекард, балки ҳамкори онҳо буд, то душманони дохилиро барои Аҳмад Масъуд омода кунанд”, – гуфтааст манбаи “Спутник”.

Ҷунбиши Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шавад. Аксари шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, ба Толибон тақрибан бидуни ҷанг таслим шуданд. Вале вилояти Панҷшер ба Толибон таслим нашуд.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки хориҷ аз назорати Толибон боқӣ мемонад. Дар инҷо чанд ҳазор нафар ҷамъ омада, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд шакл додаанд.

Бахши форсии ББС дар як гузориши телевизионӣ дар харита шарҳ додааст, ки дар Панҷшер ва атрофи он чӣ мегузарад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button