ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲОҶӢ БУРҲОН – МАРДЕ КИ МУРДАҲОИ МУҲОҶИРОНРО БА ВАТАН МЕФИРИСТОД (ВИДЕО)

Рӯзи ҷумъа дар деҳаи Қипчоқ дар канори шаҳри Ваҳдат Бурҳониддин Муҳиддиновро ба хок супурданд. Ӯ ҳамагӣ 57 сол дошт. Аз ин 57 сол беш аз нисфаш, қариб 30 солро Ҳоҷӣ Бурҳон дар мусофират дар Русия сипарӣ кард. Ба Ватан ҳар шаш моҳ як маротиба мисли ба меҳмонӣ меомад. Ин бор ҳам барои хабаргирӣ омада буд, вале ногаҳон қалбаш аз задан бозмонд.

Онҳое, ки Ҳоҷӣ Бурҳонро мешиносанд, бахусус ҳамтақдирони ӯ дар мусофират дар шаҳри Санкт Петербурги Русия, мегӯянд, инки Ҳоҷӣ Бурҳон пешнамози намози ҷумъа шуд ва дар ин рӯзи муборак ба раҳмати Ҳақ пайваст, подоши он ҳама некиҳоест, ки ӯ дар мулки ғурбат барои ҳамватанҳояш бедареғ, беминнат ва бидуни ҳеҷ подош, аз барои ризои Худо анҷом медод.

Ҳоҷӣ Бурҳон дар базаи меваву сабзавоти воқеъ дар кӯчаи Софийская (машҳур ба “Софийская база) дӯкони хурди меваву сабзавот дошт, ки аз ин ҳисоб рӯзгори худашу 6 фарзандашро таъмин мекард.

Аммо ӯро дар Петербург муҳоҷирон бештар ҳамчун нафаре мешинохтанд, ки санадҳои мурдаҳои муҳоҷиронро барои ба Ватан фиристодан тахт мекард. Дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград, он тараф то вилоятҳои Новгороду Псков ҳар куҷо агар муҳоҷире мемурд, чӣ тоҷик, чӣ ӯзбек, чӣ қирғиз, ба Ҳоҷӣ Бурҳон муроҷиат мекарданд. Дар ҳамаи мурдахонаҳо, шуъбаҳои пулис, дигар идораҳо ва дар фурудгоҳи Пулково Ҳоҷӣ Бурҳонро барои давутозаш аз паси фиристодани мурдаҳои муҳоҷирон хуб мешинохтанд.

“Аз барои Худо хидмат мекард. Кори мардумро буд мекард, дар рӯзи мусибат ба кумаки ҳама мерасид. Ва мисле ки мурдани худашро медонист, ки ахиран ба ҷои худаш як бачаи қӯрғаниро тайёр кард. Тамоми нозукиҳои мурдафиристиро барояш ёд дод, ки куҷо бояд раваду чӣ санадҳоро бояд тайёр кунад. Фикри ин рӯзро ҳам аз пеш кард, ки агар набошад, мурдаи мардуми муҳоҷир дар кӯча намонад. Худо раҳмат кунад Ҳоҷиро”, – гуфт дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз муҳоҷирони тоҷики муқими Петербург.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button