ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

БА ДОНИШҶӮИ ТОҶИК БАЪДИ МАРГАШ БАРОИ НАҶОТИ ЯК КӮДАК ДАР РУСИЯ МЕДАЛИ “БАРОИ ШУҶОАТ” ДОДАНД

Донишҷӯи тоҷик Ҳоҷимурод Қаландаровро барои наҷоти як кӯдак дар шаҳри Уфа баъди маргаш медали “Барои шуҷоат” додаанд. Фармони бо ин медал сарфароз гардондани Ҳоҷимуродро рӯзи 20 августи соли 2021 раиси Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Фарит Гумеров имзо кардааст.

Дар фармон чунин омадааст:

“Барои нишон додани қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ ва наҷоти одамон, фармон медиҳам:

Қаландаров Ҳоҷимурод Саидакбарович, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии аграрии Бошқирдистон (баъд аз маргаш) бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карда шавад.”

Ёдовар мешавем, ин донишҷӯи тоҷик рӯзи 7 июни соли 2020 дар лаби дарёи Белая дар шаҳри Уфа ғарқ шудани ду кӯдакро дида, ҳамроҳи дӯсташ ҳарду худро ба дарё заданд. Онҳо кӯдаконро наҷот доданд, вале худи Ҳоҷимуродро об бурд. Ҷасади ӯро чанд соат баъд пайдо карданд ва чанд рӯз баъд барои дафн ба Тоҷикистон фиристоданд.

Азбаски роҳҳои ҳавоӣ байни ду кишвар ба сабаби пандемия баста буд, ҷасади ҷавони тоҷикро маҷбур шуданд, ки бо мошин ба Ватанаш роҳӣ кунанд.

Пандемия ва баста будани роҳҳо буд, ки Ҳоҷимурод дар Уфа монд, вагарна соли аввали донишгоҳ тамом шуда буд ва ӯ азм дошт, ки ба дидани падару модараш ба Ватан биравад. Билохира рафт ба ватан, вале на пои худ, балки дар даруни тобут…

Ҳоҷимурод аз деҳаи Ганҷободи ноҳияи Рӯдакист. Ӯ соли 2019 баъди хатми миёна ба ду мактаби олӣ: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон ҳуҷҷат супурд. Ба ҳарду донишгоҳ гузашт, вале барои таҳсил Уфаро интихоб кард.

Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод мегӯяд, се рӯз пеш аз маргаш бо ӯ суҳбат дошт ва писараш гуфтааст, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият супорид ва мунтазир аст, ки роҳҳо кушода шаванду дар таътили тобистона пеши онҳо баргардад.

Саидакбар Қаландаров ҳамчунин гуфт, дар матбуот мақолаҳо дар тавсифи қаҳрамонии писарашро мехонаду дили ғамзадааш як зарра ором мегирад.

Ҳоҷимурод Қаландаровро ба медали “Барои шуҷоат” бо ташаббуси роҳбари созмони ҷамъиятии “Мигратсия№ Азамат Тагиров пешбарӣ карданд.  Тагиров ба  радиои «Эхо Москвы-Уфа» гуфт,  зери номаи дастаҷамъона бо дархости сарфароз гардондани донишҷӯи қаҳрамони тоҷик бо медали “Барои шуҷоат” роҳбарони диаспораҳои тоҷикону озариҳои Бошқирдистон, ҷамъияти маъюбон, собиқадорони ҷанг ва ҳатто муфтии аъзами Русия Талъат Тоҷуддин имзо карданд.

Пештар низ дар бораи чандин мавриди шуҷоати тоҷикон дар Русия хабарҳо ба даст расида буд.

Аз ҷумла 5 декабри соли 2017 Собир Хаспаллаев ба дарё сарозер шудани мошини сабукраверо дида, бо вуҷуди онки фасли зимистон ва об хеле сард буд, худро ба дарё андохт ва ронандаи мошинро, ки зан буд, наҷот дод.

Ҳамин тавр, Фарзон Салимов моҳи марти соли 2018 барои кумак ба наҷоти даҳҳо нафар дар сӯхтор дар фуруӯшгоҳи “Зимняя вишня” сазовори ҷоиза гардида, моҳи ноябри соли 2019 Бахтиёр Усмонови  11-соларо барои наҷоти дӯсти русаш аз дохили чоҳи оби ҷӯш дар вилояти Хабаровск низ бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button