ВАЗОРАТ: ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ 11 БЕМОРИ КОРОНАВИРУС БОҚӢ МОНДААСТ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 3 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳури 27 ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар ин муддат 29 нафар аз ин вирус шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.
Дар маҷмӯъ, бино ба омори расмии вазорат, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 3 сентябр дар кишвар 16 940 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 805 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.
Аз омори вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 3 сентябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 11 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Вазорат аммо шарҳ надодааст, ки агар танҳо рӯзи 3 сентябр 29 нафар гирифтори коронавирус шуда бошанд, пас чаро то шоми 3 сентябр ҳамагӣ 11 бемор боқӣ мондааст? Оё боқимондаро дар байни ҳамагӣ чанд соат муолиҷа кардаанд?